Дар як сатр
» » 1145 нафар барои зиён расонидан ба табиат ҷарима шуд

1145 нафар барои зиён расонидан ба табиат ҷарима шуд

3-08-2018, 08:29

Нозирони ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати ҷой доштани камбудиҳо, дағалона вайрон кардани талаботи меъёру дастурамалҳо  ва қонунҳо дар самти ҳифзи табиат 1606 санад ва 1145 протокол тартиб дода, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати 1145 нафар ба маблағи 151,4 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Дар нишасти матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят қайд гардид, ки давоми сол бинобар дағалона вайрон кардани талаботи меъёрҳои экологӣ ва таъсири манфӣ расонидан ба табиат дар 101 ҳолат ба маблағи 120,7 ҳазор сомонӣ зарар муқаррар карда, аз он 84,7 ҳазор ситонида, ба буҷет ворид гардид. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура ҷиҳати чораҷӯӣ 75 мавод ба маблағи 119,4 ҳазор сомонӣ пешниҳод гардида, тавассути онҳо 85,440 сомонӣ ситонида шуд.

Аз тарафи кормандони соҳа барои аз наздик шинос намудани аҳолии вилоят ба моҳияти қонуну барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологӣ бо аҳолӣ 1819 маротиба, бо наврасону мактаббачагон 731 маротиба суҳбату вохӯриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии ҳифзи ватан ба ҳисоб меравад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«ШБҶ»: Хоҷагиҳои пахтакор 59 миллион сомонӣ қарздоранд»

«ШБҶ»: Хоҷагиҳои пахтакор 59 миллион сомонӣ қарздоранд»

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Арзиши шикори 1 бузи пармашох – 40 000 $

Арзиши шикори 1 бузи пармашох – 40 000 $

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шӯрообод. Ҷаримаи 25 қонуншикан

Шӯрообод. Ҷаримаи 25 қонуншикан

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА