Дар як сатр
» » 220 гектар ҷангалзор бунёд шуд

220 гектар ҷангалзор бунёд шуд

1-08-2018, 10:23

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хоҷагиҳои ҷангал бунёд ва барқароркунии ҷангалзорҳо  мебошад. Дар шаш моҳи соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷангали вилоят дар масоҳати 220,2 гектар ҷангал (62,7 гектар дар минтақаи Бохтар ва 157,5 гектар дар минтақаи Кӯлоб) бунёд карда шудааст.

Ин нуқта дар нишасти матбуотии маъмурияти муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон» зикр гардид. Аз майдони умумии бунёди ҷангал бо тариқи кишти тухмӣ ва усули шинонидани ниҳолҳо дар 60 гектар пис-та, 18 гектар бодом, 20,2 гектар чормағз, 20 гектар саксаул, 20 гектар хуч, 2 гектар дӯлона, 1 гектар шулаш, 1,5 гектар санҷид, 0,47 гектар сӯзанбарг, 3,3 гектар акатсия, 71 гектар ниҳолҳои мевадиҳанда кишт карда шудааст.

Аз майдони умумии ҷангалҳои бунёдшуда 104,3 гектараш боғҳои нави мевадиҳанда мебошанд, ки асосан аз дарахтони зардолу, шафтолу, гелос, анор, чормағз, олу иборат аст. Аз ин аз ҷониби мутахассисони сармуассисаи  хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон - 5,7 гектар, Шаҳритус - 3 гектар, Қубодиён - 2 гектар, Носири Хусрав - 3 гектар, Муъминобод - 20 гектар, Дашти Ҷум - 12 гектар, Шамсиддин Шоҳин - 4 гектар, Сари Хосор - 10,5 гектар, Балҷувон - 14 гектар, Ховалинг - 30 гектар бунёд шудааст.

Дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара соли 2008 хоҷагиҳои ҷангали вилоят дар майдони 432 гектар ҷангал бунёд кардаанд. Ҳамасола аз тарафи хоҷагиҳо корҳои нигоҳубини ин ҷангалзор гузаронида шуда, дарахтони хушкшуда иваз карда мешаванд. Аз аввали мавсими соли 2018 дар ин мавзеъ дар майдони 162 гектар пурракунии ниҳолҳо гузаронида, 7125 бех ниҳол иловатан шинонида шудааст.

Даромади пулии хоҷагиҳои ҷангали вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ 702100 сомониро ташкил додааст.

Оид ба шикори ғайриқонунӣ дар ҷангалзорҳо 27 санад ба маблағи 3216 сомонӣ тартиб дода шуда, аз шахсони воқеӣ пурра рӯёнида шудааст.

 

Ҳангомаи Исмат,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДУРНАМОИ БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОР 98% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Азми бунёди 755 гектар боғ

Азми бунёди 755 гектар боғ

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
759 гектар талу теппа боғзор мешавад

759 гектар талу теппа боғзор мешавад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боғҳо зиёд мешаванд, аммо...

Боғҳо зиёд мешаванд, аммо...

Хабарҳо