Дар як сатр
» » Дурнамои пардохтҳои гумрукӣ 113,6% иҷро гардид

Дурнамои пардохтҳои гумрукӣ 113,6% иҷро гардид

8-08-2018, 09:16

Гардиши умумии молии тиҷорати хориҷӣ дар вилояти Хатлон дар нимаи аввали соли 2018 маблағи 175,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли 2017 ба 97,7 миллион доллари амрикоӣ баробар буд ва мутаносибан ба қадри 77, 5 миллион доллар (44%) зиёд мебошад.

Дар ин бора Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон дар нишасти хабарии худ иттилоъ дод. Зикр гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фааъолияти раёсат ҷамъоварии босифати пардохтҳои гумрукӣ мебошад. Бо андешидани чораҳои зарурӣ дар нимаи аввали соли 2018 ба буҷаи ҷумҳурӣ 173,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки ба 113,6%-и нақшаи дарназардошта баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 71,7 миллион сомонӣ (70,6%) бештар аст.

Аз ҷониби кормандони воҳидҳои тобеи Раёсати минтақавии гумрук дар вилоят дар нимаи аввали  соли ҷорӣ 216 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 4 ҷиноят ва 212 мавриди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи гумрук мебошад. "Нисбати ҳолатҳои ошкоргардида парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуқуқвайронкунандагон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар асоси парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозкардашуда ба маблағи умумии 367150 сомонӣ ҷарима гузошта ва ситонида шудааст”, - гуфт З. Маҳмадиев ва афзуд, ки аз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғозшуда 168 ададаш нисбати шахсони воқеӣ, 5 ададаш нисбати шахсони мансабдор ва 39 ададаш нисбати шахсони ҳуқуқӣ мебошад.

Дар шаш моҳи соли 2018 гумрукчиёни вилоят 3 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаоварро ошкор карда, аз қочоқчиён ба миқдори 49 килою 247,6 грамм воситаи нашъадорро мусодира намудаанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нақшаи андозҳо дар Норак 111,6% иҷро гардид

Хабарҳо
Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Шумораи бонувони корманд дар низоми  бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Шумораи бонувони корманд дар низоми бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Иқтисоду тиҷорат
Нисбат ба роҳбарони бемасъулияти муассисаҳои тиббӣ чора андешиданд

Нисбат ба роҳбарони бемасъулияти муассисаҳои тиббӣ чора андешиданд

Тандурустӣ ва экология