Дар як сатр
» » Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба коҳиш аст

Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба коҳиш аст

7-08-2018, 08:13

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон аз коҳиш ёфтани шумораи шаҳрвандоне, ки бо нияти муҳоҷирони меҳнатӣ кишварро тарк мекунанд, хабар дод. Дар нимаи якуми соли 2018 беш аз 120 ҳазор нафар сокинони вилояти Хатлон ба хориҷа сафар кардаанд. Аз ин ҳисоб 115985 нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки 15%-и ин теъдод ё 13640 нафарашон бонувонанд.

Маҳмудҷон Хоркашев, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки феълан дар хориҷи кишвар 159 ҳазор сокини вилоят будубош доранд. Ба қавли ӯ, аксари муҳоҷирони меҳнатӣ феълан дар қаламрави Федератсияи Россия кор мекунанд, аммо дар Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон низ шумораи муайяни муҳоҷирони меҳнатии мо ҳастанд.

Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ҳамчунин гуфт, ки нимаи якуми сол 234 мард ва 135 зан аз вилоят бо қасди саёҳат, 331 мард ва 254 зан бо мақсади тиҷорат ба хориҷа сафар намуда, 4904 ҷавон дар муассисаҳои олии касбии хориҷӣ таҳсил мекунанд.

- То имрӯз дар қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби зодаҳои вилояти Хатлон 23 диаспора ё ҷамъияти тоҷикон таъсис дода шудааст, - идома дод М. Хоркашев, - ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷикро ҳадафи худ қарор додаанд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр гардид, ки феълан дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят 41 ширкати хориҷӣ амал мекунанд. Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки дар вилояти Хатлон кору зиндагӣ доранд, 1200 нафар шумурда шудааст. "Дар нимсолаи аввал дар натиҷаи санҷишҳо муайян гардид, ки 9 шаҳрванди хориҷӣ, асосан аз Афғонистон ва Чин, бидуни қайду шарти муайян будубош доранд. Нисбаташон протоколҳо тартиб дода, онҳо депортатсия карда шуданд”, - афзуд манбаъ.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шумораи бонувони корманд дар низоми  бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Шумораи бонувони корманд дар низоми бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Иқтисоду тиҷорат
Арзишмандӣ ва ҳуқуқи инсон

Арзишмандӣ ва ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқу амният
Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Мушкили 217 шаҳрванди Тоҷикистон барои вуруди дубора ба Россия ҳал шуд

Мушкили 217 шаҳрванди Тоҷикистон барои вуруди дубора ба Россия ҳал шуд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА