Дар як сатр
» » 57 корфармо ҷаримабандӣ шуд

57 корфармо ҷаримабандӣ шуд

6-08-2018, 08:11

Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон нимаи якуми соли ҷорӣ дар 188 ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, 40 ташкилоти хусусӣ ва субъектҳои хоҷагидори шакли дигари моликият санҷиши давлатӣ гузаронид.

Ҳамза Бобоев, муовини сардори раёсати мазкур, бо ироаи ин хабар гуфт, ки дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 748 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид (аз ин 716 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 6 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират, 10 ҳолат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва 16 ҳолат дар масъалаҳои шуғли ғайрирасмӣ дахл мекунад).

- Барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 57 нафар корфармоён ва дигар шахсони масъули корхонаю ташкилотҳо дар ҳаҷми 59000 сомонӣ ҷарима  таъйин карда шуда, аз ин 51130 сомонӣ пурра ба буҷет пардохт гардид, - идома дод Ҳ. Бобоев.

Ба дахолати Раёсати хадамот дар нимаи аввали соли равон 3 миллиону 437 ҳазору 479 сомонӣ ба буҷети давлат ва шаҳрвандон пардохт карда шуд, ки 2 миллиону 494 ҳазору 193 сомониаш аз қарзи музди меҳнат будааст. "Мувофиқи  маълумоти оморӣ, қарздорӣ аз музди меҳнат дар вилоят ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 3,4 миллион сомониаш ба корхонаҳои саноатӣ рост меояд”, - зикр кард Ҳ. Бобоев.

Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи якум 7 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуд, ки боиси ба ҳалокат расидани 4 корманд ва ҷароҳат бардоштани 4 тани дигар гардид. Дар натиҷаи санҷиши ин ҳолатҳо наздик ба 200 ҳазор сомонӣ кумакпулиҳои яквақта ва ҷубронпулии вобаста ба ҷароҳатбардорӣ ва фавт дар истеҳсолот муайян ва ба ашхоси ба кумакпулӣ ҳуқуқдошта пардохт карда шуд. 

Н. МАЪМУРЗОДА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

102 ҳолати вайрон намудани кодекси меҳнат

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ифшои якчанд ҳолати истифодабарии ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон дар Шаҳри ...

Ифшои якчанд ҳолати истифодабарии ғайриқонунии меҳнати шаҳрвандон дар Шаҳри ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифшои 116 қонуншиканӣ дар самти шуғли ғайрирасмӣ

Ифшои 116 қонуншиканӣ дар самти шуғли ғайрирасмӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо