Дар як сатр
» » Дараҷанокии касбии духтурони беморхонаи вилоятӣ ба 75% расидааст

Дараҷанокии касбии духтурони беморхонаи вилоятӣ ба 75% расидааст

4-08-2018, 08:08

Умури сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти муосири тиббӣ дар биноҳои иловагии Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов то поёни соли ҷорӣ ба охир расида, ин иншооти муҳим дар ибтидои соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Алихон Нуралиев, сардухтури беморхонаи мазкур, бо тасдиқи ин хабар дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки барои корҳои сохтмонӣ 7,5 миллион евро ва дастраснамоии таҷҳизоти нави тиббӣ 3,5 миллион евро масраф хоҳад шуд.

- Феълан дар 6 шуъбаи беморхонаи вилоятии клиникӣ таъмири капиталӣ ҷараён дорад,  - идома дод А. Нуралиев. - Дар оянда, бо бунёд гардидани биноҳои нав якчанд маркази нави тиббӣ, аз ҷумла маркази трансплантологияро ба нақша гирифтаем.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар нимсолаи якум ба беморхона 50 номгӯи таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шудааст, ки кори муоина, ташхис намудан, анҷом додани амалҳои ҷарроҳиро осонтар мекунад.

Маъмурияти беморхона барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, савияи дониши табибон ва истифодаи пурсамари дастовардҳои навини илми тиб диққати ҷиддӣ дода, табибонро барои сайқали донишу таҷрибаашон дастгирӣ менамояд. Дараҷанокии касбии пизишкони беморхона ба 75% ва ҳамшираҳои шафқат ба 60% расидааст, ки нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад. Танҳо дар нимаи якуми сол 20 нафар табибони ин дармонгоҳ дорои дараҷаи олӣ шудаанд. Ҳамин тавр, беш аз 50 фисади табибони Беморхонаи клиникии вилоятӣ аз табибони дараҷаи тахассусашон олӣ иборат буда, ба беморон инчунин 10 нафар номзади илми тиб хизмат мерасонанд.

Роҳбарияти беморхона ба масъалаи сиҳатии модару кӯдак таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар шуъбаи таваллуд ҳар моҳ ба ҳисоби миёна то 300 тифл ба дунё омада, ягон ҳодисаи фавти модар ба қайд гирифта нашудааст. "Хизматрасонӣ дар шуъбаи таваллуди беморхона комилан ройгон аст, ба истиснои таҳлилҳои тиббӣ, ки дар озмоишгоҳҳо анҷом дода мешавад. Ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ, беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, муоширати табибон ва ҳалли зудраси дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолият дар ҳамаи шуъбаҳо ва ҳуҷраҳои табобатӣ телефонҳои боварии маъмурияти беморхона гузошта шудааст. Дар сурати тамаъкории табибон ё пеш омадани мушкилии дигар беморон метавонанд ба мо муроҷиат кунанд”, - зикр намуд А. Нуралиев.

Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон на танҳо дар сатҳи ташхисию табобатӣ ва амалияи клиникӣ, балки дар самтҳои илмию таълимӣ низ фаъолият мебарад. Дар заминаи шуъбаҳои беморхона кафедраҳои шуъбаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтаанд ва дар он бозомӯзии мутахассисон сурат мегирад.

Сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидов, инчунин доир ба дигар дастовард-ҳо ва мушкилоти дармонгоҳ суҳбат карда, ба саволҳои хабарнигорон посух гуфт.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нахустин ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо усули остеосинтезӣ дар Хатлон

Нахустин ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо усули остеосинтезӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Роҳнамои табибон

Роҳнамои табибон

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кори беморхонаи вилоятӣ беҳтар мешавад

Кори беморхонаи вилоятӣ беҳтар мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Ташхиси ройгони тиббии 3700 нафар

Қӯрғонтеппа. Ташхиси ройгони тиббии 3700 нафар

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА