Дар як сатр
» » Корҳои сохтмонӣ пас аз маблағгузорӣ оғоз карда мешаванд

Корҳои сохтмонӣ пас аз маблағгузорӣ оғоз карда мешаванд

3-08-2018, 08:05

-Сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда аз ҷониби нозирони техникӣ мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи сохтмонӣ таҳти назорат гирифта мешаванд, - зикр кард Р. Худойназаров, сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон, зимни нишасти мабуотӣ.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи тасдиқшудаи маблағгузориҳои асосии Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар асоси қарори раиси вилоят аз 4 майи соли 2018-ум 10 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷумла корҳои сохтмону васлкунӣ 9 ҳазору 513 ҳазор сомонӣ мебошад.

- Иҷроиши корҳо аз тарафи Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар ин давра 3 миллиону 714 ҳазору 230 сомонӣ буда, аз ин 3 миллиону 415 ҳазору 645 сомонӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ равона шудааст, - зикр кард сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон. - Айни замон дар ҳамаи иншоотҳо озмун гузаронида шудааст. Ҳамаи лоиҳаҳо сари вақт аз ташхиси давлатӣ гузаронида мешаванд. Дар иншоотҳо корҳои сохтмонӣ аз рӯйи лоиҳа ба роҳ монда, бо ташкилоти дахлдор барои бурдани назорат шартномаҳо  баста мешаванд.

Дар идомаи нишаст Р. Худойназаров иттилоъ дод, ки дар соҳаи маориф - идомаи сохтмони мактаб барои 320 хонанда дар хоҷагии Файзалӣ Саидови Ҷамоати деҳоти "Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён,  корҳои лоиҳагирӣ ва сохтмони муассисаи томактабӣ дар маркази шаҳри Левакант барои 210 нафар кӯдакон, дар соҳаи тандурустӣ – идомаи сохтмони беморхонаи зидди касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара, дар соҳаи маданӣ – идомаи сохтмони Театри мусиқӣ – мазҳакавии вилоятӣ дар шаҳри Бохтар, марҳилаи дуюм, ки манбаи маблағгузории ҳамаи иншоотҳо аз ҳисоби буҷети маҳалӣ мебошад.

Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар назди ташкилотҳои пудратӣ аз ҳисоби корҳои иҷрогардидаи соли 2016 – 2017 дар ҳолати 1 июли соли 2018 аз ҶДММ «Ҳоҷӣ Сироҷиддин» ба маблағи 174400 сомонӣ, барои Қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён аз Маркази истеҳсоли худтаъминкунӣ ва сохтмону таъмирии назди Раёсати сохтмони асосии вилоят ба маблағи 4292368 сомонӣ, барои таъмир ва азнавсозии мавзеи истироҳатӣ «Таги Кутал» дар Ҷамоати деҳоти "Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон аз ҶДММ «Давлатманд» ба маблағи 56954 сомонӣ, барои сохтмони бинои иловагии Прокуратураи вилоят дар шаҳри Бохтар аз ҶДММ «Азия» ба маблағи 2944335 сомонӣ, барои тармим ва таъмири асосии толор ва гузаргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҶДММ «Сохт-мон» ба маблағи 276010 сомонӣ қарздор мебошад.

Дар фарҷоми нишаст сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон иброз дошт, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз тарафи Раёсати сохтмони асосии вилоят 34 мактаб мавриди истифода қарор мегирад.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БУНЁДИ 4 МТМУ ТАВАССУТИ ҲАШАР

Хабарҳо
Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Маориф ва илм
Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Барномаи нави рушд  - дар амал

Барномаи нави рушд - дар амал

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА