Дар як сатр
» » Беш аз 3 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар Хатлон

Беш аз 3 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар Хатлон

2-08-2018, 08:03

Аз тарафи нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 3 ҳазору 622 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 1892,15 гектар ошкор намуда, 886 ҳазору 480 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

Бино ба иттилои сардори Кумитаи идораи замини вилоят мутобиқ ба талаботи моддаи 55 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷӯӣ ва таҳқиқи ҳуқуқӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 ба мақомоти прокуратура 327 маводи маъмурӣ пешниҳод карда шуда, барои маҷбуран ситонидани ҷаримаҳои басташуда 145 маводи маъмурӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шудааст.

- Ҳамзамон, нисбати 2 ҳазору 927  нафар ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоргардида чораҳо андешида шудааст, ки  1686,23 гектарро ташкил дода, аз он 1136, 13 гектар заминҳои обӣ, 72,5 гектар лалмӣ, 64,20 гектар ниҳолҳои бисёрсола, 233,09 гектар чарогоҳ мебошад, - зикр кард А.Одиназода, сардори Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон. - Инчунин, ҷиҳати иҷрои банди 17-и нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоти кишоварзӣ» дар нимсолаи аввали соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 66687 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шуда, 65168 адад бо шаҳодатномаи дар бораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба расмият дароварда ба қайд гирифта шудааст.

Дар охири нишасти матбуотӣ сардори Кумитаи идораи замини вилоят иброз намуд, ки дар соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои корами обие, ки дар соли гузашта аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, майдони 1295 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, инчунин дар майдони 1428 гектар заминҳои партов кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ба эҳтиёҷмандон беш аз 700 гектар замин дода мешавад

Ба эҳтиёҷмандон беш аз 700 гектар замин дода мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА