Дар як сатр
» » 139 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам хӯрд

139 ташкилоти ҷамъиятӣ барҳам хӯрд

7-08-2018, 09:59

Дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон 497 ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ, 18 намояндагӣ ва 84 филиали ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ дар қайд буда, дар нимсолаи аввали соли равон 139 ташкилоти ҷамъиятӣ бинобар вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ ва оинномавӣ барҳам дода шудааст.

Фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ аз тарафи Раёсати адлияи вилоятӣ санҷида шуда, ба масъулони 98 ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ бинобар сабаби вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ ва оинномавӣ огоҳиномаи хаттӣ дода шуд.

- Аз ҷумла, ташкилоти ҷамъиятии «Тақвият ва тавонмандӣ», «Ҷавонони сарзамин», «Шодком», ки бидуни бақайдгирӣ дар шуъбаи омори шаҳри Бохтар кор ва фаъолият намудаанд, - зикр кард С. Салимзода, сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон. – Инчунин, кормандони Раёсати адлияи вилоят фаъолияти оинномавии Ташкилоти ҷамъиятии «Ғамхорӣ», «Орзуи ҷавон» ва «Сакина»- ро мавриди назорат ва санҷиш қарор дода, камбудиҳои ҷойдошта ошкор гардид.

Аз тарафи кормандони Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ, қайди барҳамдиҳии ташкилот ва қайди баҳисобгирии филиалу намояндагӣ ба маблағи 4 ҳазору 925 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шуд.

Дар ин давра бо супориши сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон фаъолияти нотариусони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Шаҳритӯс,  ки шартномаҳои меҳнатиашон ба итмом расида  буд, аз аттестатсия гузаштанд.

Ҳамчунин, дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик фаъолияти нотариусони ноҳияҳои Кӯшониён, Фархор ва Восеъ санҷида мешаванд.


Шарҳи хонандагон +
Люди кому интересно нашла отличный торрент плеер Kino-Torrent версия PRO
Все фильмы, сериалы и мультики в одной программе - просмотр и скачивание. Бесплатно и без рекламы.
Быстрый поиск по всему рунету. Обновления фильмов точно в день выхода в кинотеатрах.
Сегодня добавленно: "Мег: Монстр глубины" "Днюха!" "Mamma Mia! 2"
Скачать Kino-Torrent версии стандарт можно с офф сайта: KinoTorrentSetup
Скачать Kino-Torrent версии PRO (Nulled) можно здесь: KinoTorrentPro
23 август 2018 03:42

Матолиби дигар:

Дар пойгаи мототсиклронӣ кӣ пирӯз омад?

Дар пойгаи мототсиклронӣ кӣ пирӯз омад?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
24-умин солгарди таъсиси ТҶММ

24-умин солгарди таъсиси ТҶММ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?

Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Барои ҷиҳозонидани як синфхонаи омодагии ҳарбӣ 8 ҳазор сомонӣ зарур будааст

Барои ҷиҳозонидани як синфхонаи омодагии ҳарбӣ 8 ҳазор сомонӣ зарур будааст

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ