Дар як сатр
» » Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

6-08-2018, 08:55

- Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Кӯшониён ба маблағи 627 ҳазору 100 сомонӣ роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ баромаданд, - ироа дошт раиси ноҳия Ҷаббор Ғаффор зимни мулоқот бо рӯзноманигорон. Ҳамчунин, дар ин давра аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 113 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири асосӣ ва ҷорӣ ба анҷом расонида шудааст. Қисми даромади буҷети ноҳия низ 102,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷа 17 миллиону 530 ҳазору 546 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия низ дар ин давра 96 фоиз иҷро гардид. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 343 миллиону 903 ҳазору 600 сомонӣ расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 44 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи ташкили корхонаҳои саноатӣ дар шашмоҳаи соли равон 57 адад биною иншоот, коргоҳҳои хурду калони саноатӣ, иншооти хизмативу маишӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони ҳамаи онҳо оғоз гардида, то ин дам 7 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Чуноне ки дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, дар шароити имрӯза соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ, манбаи таъмини корхонаи коркарди саноатӣ бо ашёи хом, бахши ташаккулдиҳандаи содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар буда, ба рушди ин соҳа диққати махсус дода мешавад. Кишоварзони ноҳия дар майдони 11 ҳазору 250 гектар пунба кишт намудаанд, ки 102,2 фоизи дурнамои ноҳияро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар майдони 901 га ғалладона, 2002 га сабзавот, 500 га картошка, 182,4 га полезӣ, 1838,1 га зироатҳои хӯроки чорво кишт намуда буданд. Дурнамои захираи хӯроки чорво низ 80 фоиз иҷро гардид.

 Дар соли хониши 2017-2018 аз 3427 хатмкунанда  2526 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, ки 73 фисади хатмкунандагонро дар бар мегирад. Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия 9 комиссияи доимӣ ва 105 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, дар ноҳияи Кӯшониён низ ҳамагон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷалб гардиданд. То имрӯз 71 адад сохтмони иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз ҷумла бунёди Маркази саломатӣ бо таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, ин иқдоми нек аз ҷониби соҳибкорони ноҳия амалӣ гашта истодааст.

Раиси ноҳия оид ба рушду тараққии иқтисодиву иҷтимоии ноҳия сухан ронда,  ба суолҳои кормандони васоити ахбори омма посухҳои қаноатбахш дод.

 

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Варзиш - қосиди сулҳ

Варзиш - қосиди сулҳ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат