Дар як сатр
» » Ҳаққи хизмати обрасонӣ дар 1 гектар замин 65, 5 сомонӣ

Ҳаққи хизмати обрасонӣ дар 1 гектар замин 65, 5 сомонӣ

8-08-2018, 12:51

Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон муайян намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон барои 1 гектар замин 3871 м3 об харҷ мешавад, ки арзиши оби додашуда ба 1 гектар замини обӣ 65, 5 сомонӣ рост меояд.

- Дар соли ҷорӣ дар масоҳати 279 ҳазору 542 гектар замин ҷиҳати обрасонӣ бо шаҳрвандон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома бастем,- иброз намуд Мирзовалӣ Собиров, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон, дар нишасти хабарӣ. – Шаҳрвандон дар нимсолаи аввали соли равон 13 миллиону 356 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизматрасонии обро пардохт карданд. Бақияи қарз ба ҳолати 1- уми июли соли 2018-ум 69 миллиону 455 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Дар идомаи нишасти хабарӣ Мирзовалӣ Собиров иттилоъ дод, ки хараҷоти барқ  11 млн 743 ҳазор кВт-ро ташкил дода, аз ин шумора 3 млн 212 ҳазор сомонӣ пардохт шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 860 ҳазор сомонӣ зиёд пардохт шудааст.

- Бақияи қарз дар назди Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Ёвон 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, Панҷ 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, Ҷ. Балхӣ 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, Ҷайҳун 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ва Фархор 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ расидааст, ки бақияи қарзи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2018-ум 25 миллион сомонӣ мерасад. Дар баробари ин, бақияи қарзи андоз бошад, ба ҳолати 1-уми июли соли 2017-ум  ба 17 миллиону 260 ҳазор сомонӣ мерасад, - афзуд Мирзовалӣ Собиров. 

Бақияи қарзи музди меҳнати коргарон ба ҳолати 1-уми июли соли 2018-ум 872 ҳазор сомонӣ аст, ки бақияи қарзи музди меҳнати коргарон асосан, аз ҳисоби ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ 188 ҳазор сомонӣ, Панҷ 118 ҳазор сомонӣ, Шаҳритӯс 92 ҳазор сомонӣ, Восеъ 158 ҳазор сомонӣ, Фархор 155 ҳазор сомонӣ  ва Вахш 57 ҳазор сомонӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар миқёси вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 4 ҳазору 200 метр соҳили дарёҳо ва саддҳо барқарор карда шудааст.

Комрони БАХТИЁР,



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бохтар. Дастовардҳо дар соҳаи саноат

Хабарҳо
1,7 миллион сомонӣ - қарзи маоши  кормандони «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ»

1,7 миллион сомонӣ - қарзи маоши кормандони «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ»

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«ШБҶ»: Хоҷагиҳои пахтакор 59 миллион сомонӣ қарздоранд»

«ШБҶ»: Хоҷагиҳои пахтакор 59 миллион сомонӣ қарздоранд»

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо
Афзоиши шумораи қарздорон

Афзоиши шумораи қарздорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо