Дар як сатр
» » Тавсиф барои «рабудани дилҳо» ё Темурланги муғул - наҷотбахши русҳо?!

Тавсиф барои «рабудани дилҳо» ё Темурланги муғул - наҷотбахши русҳо?!

17-06-2015, 09:54

Тавсиф барои «рабудани дилҳо» ё Темурланги муғул - наҷотбахши русҳо?!


Дар замони муосир барои иҷрои нақшаҳои сиёсии худ кишварҳо ба чӣ аъмоли пасте даст намезананд. Шаби шанбеи 13-уми июн аз телевизиони «РТР-планета» оид ба ҳаёту фаъолияти яке аз чеҳраҳои манфуртарини таърих Темурланги муғул, бузургтарин душмани ислому насоро, шахсе, ки бо куштану сӯхтанҳояш дар Хуросон, Ирон, Туркия, Шарқи Наздик ва Осиёи Миёнаю Ҳиндро оғуштаи хун карда буд ва тараққиёти олами исломро ба садсолаҳо қафо кашида буд (сохтани чор бино дар Самарқанд аз ҳисоби оташзанию аз байн бурдани ҳазорҳо биноҳои беҳтарин дар дигар кишварҳои ҷаҳон нишонаи пешрави нест), барномае омода карда буд, ки дар он уламои рус ва узбак баромад карда, ӯро ситоиш намуданд. Доктори илмҳои таърихи узбакистонӣ ӯро «бунёдкор» номида, ин ибораи сирф тоҷикиро шарм надошта узбакӣ арзёбӣ!

Илова бар ин, аз таърих маълум аст, ки ин шахси аблаҳдузд ва роҳзан даҳҳо ҳазор русро дар тарафи Поволжйе куштааст, лекин олимони имрӯзаи рус ҳуҷуми ӯро чунин маънидод карданд, ки гӯё ӯ ҳангоми ҳуҷум ба Рус шабона ҳазрати Марям ва ё дигар олиҳаи муқаддаси православиро хоб дидааст, ки ба ӯ гуфтааст, ки «ба халқи ман чира нашав!» ва ӯ ба Русия даст назада, қафо гаштааст! Ин назария мисли назарияи кушодани гӯри ин ҳаромзодаи муғул ва дар ин асос оғоз ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғалабаи ҷанговарони шӯравиро дар остонаи шахри Сталинград таъмин кардани устухонҳои пӯсидаи ин шахси ҷоҳилу бесаводи давр!

Ба мисли барномаи пешинаашон, ки Қаҳрамони Тоҷикистон устод Айниро берӯёна ба муш мушобеҳ намуда, тамоми олами фарҳангпарвари Осиёро ба ғазаб оварда буданд, директори осорхонаи таърихии саҳронишинони Русия бо як бетаваҷҷуҳӣ ва беэҳтиромӣ дар бораи «ким- кадом шоири камбағале бо номи Ҳофиз», ки гӯё ба хотири холи рухсори турки самарқандӣ Бухорою Самарқандро бахшиданӣ будааст ва ин қаҳри Темурлангро овардааст, сухан кард. Ҳол он, ки бузургии Ҳофизи Шерозӣ чун шоири ҳазорсолаи дуюм барои тамоми Шарқу Ғарб маълум аст.

Оид ба мағлубияти Боязид сухан карда, қайд нагардид, ки ин султони кишвари исломӣ дар мавзеи Рум сипари боэътимоди олами ислом дар муқобили юришгарони салибдори ҷангҷӯй буд. Ҳамзамон қайд нагардид, ки ин шахси касифи таърихӣ ба хотири озурдани султони олами ислом - Боязид, дар наздаш хост ҳамсари шонздаҳсолаи ӯро (шоҳдухтари сербиягӣ) таҷовуз намуда, бо ин амалаш ба Султон Боязид дарди ҷонкоҳе расонад ва чун шоҳзодахонуми сербиягӣ духтари далер ва бонангу номус буд, он ҷо бо корд худро кушт, то ӯро ба ин ҳол гирифтор накунанд. Ба ин нигоҳ накарда, Темурланги бефарҳанг ва модарбахато пеши чашми Боязид ба мурдаи завҷаи ӯ таҷовуз кард (ин амал ховаршиносон ва равоншиносони шӯравӣ ва хориҷиро ба хулосае овард, ки бемории рӯҳии Темурлангро исбот кунанд).

Аз ин барнома хулоса кардам, ки «шарики стратегиямон» ба хотири ба даст овардани диле ва камтар кардани таъсири америкоиҳо ба ин «дил» қодир аст ба ҳар кори пасти иттилоотӣ ва тамаллуқкорӣ даст бизанад!

Гузашта аз ин, шахсан ман байни Гитлер, ҷадди гузаштаи Темурланг, Чингизхони модарбахато ва худи Темурланг ягон фарқиятро намебинам! Оё дар замоне, ки васоити ахбори оммаи Русия ва зиёиёну дигар қишри аҳолияш аз тарғиби Гитлеру гитлеризм нороҳат мешаванд, худ бо ин намоишномаҳои бепояашон магар «гитлеризм»-и асрҳои миёнаро тарғиб намекунанд?! Дар таърихи инсоният давраҳои нангину хунборе ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо гузашти солҳо ва асрҳо аз он давраҳо бояд ҳеҷ фаромӯш накунад ва чунин ҳуқуқро низ надорад!

Маҳз куштори миллионҳо одамон дар замони Чингизхон, Темурланг ва баъдан Гитлер, ки боиси садсолаҳо қафо рафтани фарҳангу тамаддуни инсоният гаштааст, бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш нашавад. Алалхусус, ки башарият имрӯз дар остонаи хавфи ҷаҳонии терроризм ва ифротгароӣ қарор дорад, таърифу тавсифи чунин шахсиятҳои зидди башар ва тухмаи инсоният ба манфиати касеву давлате низ нест. Намеарзад, ки ба хотири манфиатҳои яклаҳзаинаи геополитикие ва ба даст овардани «дил»-е гаҳвораи инсониятро чаппа гардонд. Таърих фардо касеро нахоҳад бахшид!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва алалхусус СММ, бояд ба тарғибгарони «сегонаи бузург», «палағдакунандагон»-и тухмаи одамӣ - Чигизхон, Темурланг ва Гитлер дар доираи ҷаҳонӣ баҳо дода, чунин ашхосу давлатҳоро барои чунин тарғибҳо маҳкум намоянд!

Варқаи ЗАЙНИДДИН,
узви ИЖТ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҳдид ба инсоният

Таҳдид ба инсоният

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Баҳои талхи Меркелро ба мусулмонон маҷбурем фурӯ барем, зеро дуруст гуфтаас ...

Баҳои талхи Меркелро ба мусулмонон маҷбурем фурӯ барем, зеро дуруст гуфтаас ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш