Дар як сатр
» » Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

4-08-2018, 11:23

-Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳияи Вахш ба зиёда аз 226 миллион сомонӣ расидааст, - иброз дошт раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма. Нишондиҳандаи мазкур нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 16815 гектар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт карда шуд, ки 100,5 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил дод.

Чуноне ки ба ҳамагон равшан аст, пахта зироати аҳамияти стратегидошта ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, дар ноҳияи Вахш дар майдони 9606 гектар кишти пунба гузаронида, нашъунамои ниҳолҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Заркорони ноҳия кишти пунбаро нисбати соли гузашта 106 гектар афзун намуданд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла амнияти озуқаворӣ, деҳқонон азму талош намуда, 29 ҳазор тонна сабзавот, 11,6 ҳазор тонна картошка, 17,1 ҳазор тонна полезӣ, 12282 воҳиди хӯрока, 1,6 тонна меваҷот, 1972 тонна гӯшт, 9085 тонна шир, 4,4 тонна асал, 1 миллиону 67 ҳазор дона тухм истеҳсол намуда, афзоиш мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта аз 102 то 136 фоизро ташкил дод. Тавре ки раиси ноҳия иброз дошт,дурнамои содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ин давра ба 3112 тонна расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 305 тонна зиёд мебошад.

Чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, саршумори чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла чорвои калон ба 46635 сар, моли майда 162033 сар, паранда 111280 сар расидааст. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба захираи хӯроки чорво дар ноҳия корҳои назаррас анҷом ёфта истодааст. Ҳамчунин, дар майдони 3621 гектар кишти хӯроки чорво гузаронида, барои фасли замистон хӯрока захира намуда истодаанд. То имрӯз 26796 тонна хӯроки дурушти чорво ва 15866 тонна беда ҷамъоварӣ ва захира гардидааст.

Тавре ки дар нишасти матбуотӣ ироа гардид, сатҳу сифати зиндагӣ ва таъмини некуаҳволии мардум ба соҳаи иқтисод, аз ҷумла иҷрои саривақтии қисми даромади буҷа ва барзиёдии он сахт алоқамандӣ дорад. "Танҳо бо роҳи баланд бардоштани иқтисодиёт мо метавонем ба рушди корҳои ободонию созандагӣ ноил гардем”- таъкид дошт раиси ноҳия.- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии буҷетӣ сад фоиз иҷро гардида, ба буҷа 19 миллиону 792 ҳазору 969 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки он 23 476 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии маҳсулот дар ин давра 298 миллиону 63 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бонкҳои ноҳия ба соҳаҳои иқтисодиёт 22,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар ноҳияи Вахш 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи истифодашуда 1,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ин давра 750 адад ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд.

Бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорони маҳаллӣ дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 323,5 миллион сомонӣ таъмири ҷории роҳҳо ва пул ба анҷом расонида шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли равон 67,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла ҶДММ "Сомонӣ РТД” ба маблағи 10,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд. Дар давраи ҳисоботӣ ду адад корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 31 ҷойи корӣ ташкил карда шуд. Баҳри дар амал татбиқ гардидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 №1059 "Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори раиси ноҳияи Вахш низ ба тасвиб расида, гурӯҳҳои корӣ оид ба омодагиҳо ҷиҳати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар асоси қарори қабулгар-дида, дар ноҳияи Вахш бунёди 200 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки баҳри беҳбудӣ бахшидан ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона гардидааст. Рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба роҳбарияти ноҳия суолҳо дода, посух гирифтанд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Давлатшоҳ гулмаҳмадзода: “дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон саҳ ...

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА