Дар як сатр
» » Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

Бунёди 265 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст

3-08-2018, 10:16

Дар шаш моҳи сипаришудаи соли 2018 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар шаҳри Бохтар 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 50 миллиону 83 ҳазор сомонӣ 50 миллиону 219 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Нақшаи андози иҷтимоӣ 104% таъмин шуд, яъне нисбати нақшаи пешбинигардида ба қадри 1 миллиону 90 ҳазор сомонӣ бештар ҷамъоварӣ шуд.

Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Бохтар, бо ироаи ин хабар дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки ҳамзамон  13 млн. 997,8 ҳазор сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят равона карда шудааст, ки он 97 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

- Дар нимаи аввали соли 2018 музди меҳнати миёнаи меҳнаткашони шаҳр ба 1094,7 сомонӣ баробар шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 45,3 сомонӣ кам гардидааст, - идома дод А. Исмоилзода. - Қарзи музди меҳнат ба 1 июни соли 2018 маблағи 450,8 ҳазор сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбати аввали сол ба маблағи 282 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. 168,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби қарзи музди меҳнати кормандони КФБ «Бохтаргаз» ва 282 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби "Тоҷиктелеком”-и вилоят афзудааст.

Раиси шаҳри Бохтар дар мавриди таъсиси ҷойҳои нави корӣ зикр кард, ки ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1049 нафар шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки аз ин ҳисоб 943 нафарашон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 563 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.

Дар асоси нақшаи пешбинишуда дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар онҳо беш аз 45 ташкилоту муассисаҳо ба шахсони бекор 105 ҷойи холии кориро пешниҳод кардаанд. Дар ин чорабиниҳо 85 нафар корҷӯён ба худ кори муносиб пайдо намудаанд.

Бо мақсади ба шуғл фарогирии бекорон ба 20 нафар қарзҳои боимтиёз пешниҳод карда шудааст, ки маблағи умумии он 63 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ин давра 175 нафар ба касбомӯзӣ ба курсҳои кутоҳмуддат фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ 2145 нафар оилаҳо муроҷиат намуданд, ки аз ин 2128 оила ҳамчун оилаҳои камбизоат эътироф карда шудаанд ва ба ин мақсад аз буҷети ҷумҳурӣ 484,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

А. Исмоилзода ҳамчунин хабар дод, ки дар доираи таҷлили ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар то се соли оянда бунёди 265 иншоот, аз он ҷумла қариб 30 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 12 ҳавзи шиноварӣ, 50 бинои маскунии аз 8-ошёна баландтар ба нақша гирифта шудааст.

 

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бохтар. Дастовардҳо дар соҳаи саноат

Хабарҳо
Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Нақшаи умумии андозҳо 102% иҷро гардид

Иқтисоду тиҷорат
Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

Музди миёнаи моҳона дар Қӯрғонтеппа аз 1000 сомонӣ афзун гардид

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо