Дар як сатр
» » Вохӯрии раиси вилояти хатлон Д. Гулмаҳмадзода бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Ҷайҳун

Вохӯрии раиси вилояти хатлон Д. Гулмаҳмадзода бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳияи Ҷайҳун

1-08-2018, 10:47

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 31-уми июли соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳраки «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳия оид ба вазъи имрӯзаи ҳаёти иқтисодию иҷти-моии ноҳия вохӯрӣ гузаронид. Дар навбати аввал гузориши раиси ноҳияи Ҷайҳун Аминзода Фотеҳи Файзулло ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзодаро дар доираи омодагӣ бо тадбиру ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуниданд.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Ф. Аминзода қайд кард, ки бо мақсади татбиқи самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП–1059 ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба баҳри амалӣ намудани нақшаи тадбирҳо, ташаббусҳои созандагӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бобати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бо қарори раиси ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Дар он сохтмони 25 адад майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакона ва таъмиру тармим намудани 16 толори варзишӣ ва 43 майдончаи варзишии муассисаҳои таълимии ноҳия, сохтмон ва ба истифода додани 3 адад кошонаи ҳусн ва 38 адад сартарошхона, 3 адад ҳаммом, 10 адад бунгоҳи тиббӣ, 2 адад маркази саломатӣ (хусусӣ), 1 адад китобхона, 5 адад боғчаи бачагона, 5 адад мактаб ва сохтмони 67 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия барои 1619 ҷойи нишаст, меҳмонхона дар деҳаи ба номи Махдумқулӣ, маҳаллаи "Водии 4”-уми Ҷамоати деҳоти "Истиқлол”, сехи коркарди писта ва ғайраҳо ба назар гирифта шудааст.

Раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода гузориши раиси ноҳияро таҳлил намуда, иброз намуд, ки нақшаи чорабиниҳои тартибдодашуда ҳатман бояд амалӣ шаванд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии давлатии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода дар гузоришаш қайд кард, ки дар ҷараёни таҳияи Нақшаи чорабиниҳо дар натиҷаҳои омӯзиш ва таҳлили вазъи иҷтимоию иқтисодии воқеии ноҳия ба асос гирифта шуда, чорабиниҳои мушаххас иборат аз 155 банд пешбинӣ шудаанд.

Соҳаи саноати ноҳия дар сатҳи кофӣ рушд наёфта, истеҳсолоти қаблан мавҷудбуда (корхонаи коркарди зироати геран, корхонаи панирбарорӣ, корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ, сехи нонпазӣ) аз фаъолият бозмондаанд. Гарчанде нишондодҳои ноҳия вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи назаррасро ишғол намояд ҳам, коркарди маҳсулоти истеҳсолшуда роҳандозӣ нашудааст. Дар охир аз раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода хоҳиш намуд, ки барои сазовор таҷлил намудани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба роҳбарият, фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун кӯмакҳои моддию маънавӣ ва рӯҳбаландӣ намоянд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода вобаста ба ин иброз намуд, ки ҳар яки моро зарур аст, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро анҷом дода, ҷиҳати бунёди китобхонаву ҳаммом, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Инчунин таъкид кард, ки ҳарчи бештар ҷавононро ба ин корҳои созандагӣ сафарбар намоянд, чунки онҳо бо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ таъмин гардида, ҳам аҳли оиларо таъмин намуда, сатҳи зисту зиндагии шоистаро меомӯзанду аз беҳудагардӣ худро дар канор мегиранд.

Дар охир раиси вилояти Хатлон Д. Гулмаҳмадзода изҳори итминон кард, ки фаъолон ва кулли сокинони ноҳияи Ҷайҳун ҷашни дар пешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамонро бо дастовезҳои шоёни меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Абдукарим Иброҳимзода,

ноҳияи Ҷайҳун



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрд

Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳокимияти давлатӣ

Омодагӣ ба ҷашн

Хабарҳо
Сафари гурӯҳҳои кории ҳукумати кишвар ба вилояти Хатлон

Сафари гурӯҳҳои кории ҳукумати кишвар ба вилояти Хатлон

Ҳокимияти давлатӣ
Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА