Дар як сатр
» » Зи Шоҳи мо ризо аст оби тоза

Зи Шоҳи мо ризо аст оби тоза

11-06-2015, 13:16

«Ҳама бояд дарк кунад, ки арзиши об аз қимати навъҳои дигари сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар нест!»
Эмомалӣ Раҳмон


Зи Шоҳи мо ризо аст оби тоза

ЗИ ШОҲИ МО РИЗО АСТ ОБИ ТОЗА

Агарчи об ширин, талху шӯр аст,
Барои одаму олам зарур аст.
Ҳама ҷонзоди дунё зинда бо хун,
Ҷаҳон беоб, бемаънову мазмун.
Ҳаёти зиндагӣ бе об мушкил,
Саманди орзуро пой дар гил.
Зи об охир ҳаёте гашт эҷод,
Ба хушрӯзӣ, барои ҷумла ҷонзод.
Ҳамон обе, ки аз бунёди олам,
Хазонро мебарад аз қалби пурғам.
Ба рӯйи қуллаҳо тахташ булӯрин,
Ҳаёти даргаҳаш зебою рангин.

Зулолу ҷонфизо аст оби тоза,
Зи Шоҳи мо ризо аст оби тоза.

Равон асту равон бар теппаю дашт,
Хазонро мебарад аз боғу гулгашт.
Ҳаёту зиндагӣ бе об сангин,
Хазон гардад гулистонҳои рангин.
Дар он мулке, ки бар об эҳтиром аст,
Дар он ҷо зиндагӣ олимақом аст.
Зи оби софу пок ободии даҳр,
Гулафшон, сабзу хуррам деҳаю шаҳр.
Ба хушкӣ об нақши по бимонад,
Ба ҷисми мурдагил ҷон медамонад.
Ба ҳар ҷое бирезад Оби раҳмат,
Фаровонӣ шавад бар хони заҳмат.

Зулолу ҷонфизо аст оби тоза,
Зи Шоҳи мо ризо аст оби тоза.

Бирӯяд сабзаи ҳастӣ ба дунё,
Бубахшад зинате бар дашту саҳро.
Ғизолу кафтарону кабки хушрӯ,
Чаманзору гулу райҳони хушбӯ.
Дарахтон гул ба сар аз оби чашма,
Баҳорон гулфишон бо сад карашма.
Атои Ҳақ барои ҷумла ҷонзод,
Ҷаҳон аз чор унсур кард эҷод.
Зи файзи обу боду хоку оташ,
Замин дар ҷилваи рангин мунаққаш.
Суруди дилнавози оби дилҷӯ,
Фараҳ бахшад ба тан, бар дида нерӯ.

Зулолу ҷонфизо аст оби тоза,
Зи Шоҳи мо ризо аст оби тоза.

Табиат баҳри мо карда муяссар,
Ҳазорон чашмаҳо чун ҳавзи Кавсар.
Набигзораш, ки рангаш тира гардад,
Ба чашми зиндагонӣ хира гардад.
Ҷаҳоногаҳ, ҷаҳонмарди худодод,
Хирадмандона фикре кард эҷод.
Пайи ҳифзи ҷаҳон андар такопӯ,
Мудом андар забонаш ҳарфи некӯ.
Ба ҳифзи об аз минбар сухан кард,
Каломи ӯ давое шуд дар ин дард.
Хазонбоғи ҷаҳон обод гашта,
Дили ҳар ташнаҷоне шод гашта.
Ҳама ҷонзодаи олам лаб кушоданд,
Забонро субҳу шому шаб кушоданд.
Дуои хайр доранд аз барояш,
Фузун дида ҷаҳон аҳду вафояш.

Зулолу ҷонфизо аст оби тоза,
Зи Шоҳи мо ризо аст оби тоза.

Зи Шоҳи мо ризо аст оби тозаАмиршоҳи ХАТЛОНӢ


("Хатлон", №26, аз 11 июни соли 2015)

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Эй баҳори қадами тоза, биё...

Эй баҳори қадами тоза, биё...

Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ таъмини об беҳтар мегардад

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ таъмини об беҳтар мегардад

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА
Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Меҳрнома дар Меҳргон

Меҳрнома дар Меҳргон

Фарҳанг ва адабиёт