Дар як сатр

Бе об ҳаёт нест

10-06-2015, 07:39

Об нишони ҳаёти зинда, ободӣ ва хушбахтиву комронист


Бе об ҳаёт нест

Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут аст. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳаёти зинда, ободӣ ва хушбахтуву комронӣ низ дида мешавад. Об дар ташаккули организм нақши муҳим дошта, маҳз ба василаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меояд. Ҳаёти инсонро бидуни об наметавон тасаввур намуд, зеро нарасидани об фаъолияти муназзами организмро вайрон намуда, ба заволи он сабаб мегардад.

Рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши рустанӣ, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо бо шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар ситоиши об гуфтааст:

Биболид кӯҳ, обҳо бар дамид,
Сари растанӣ сӯйи боло кашид.


19 декабри соли 2014 Маҷмаи умумии СММ қатъномаеро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт 2005-2015» ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об» бо иттифоқи оро қабул кард. Қатъномаи мазкур бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби банди 19-уми рӯзномаи Маҷмаи умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ин иқдоми Тоҷикистон чун ташаббусҳои қаблии кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфта, зиёда аз панҷоҳ кишвари узви СММ, аз ҷумла Австралия, Арманистон, Алҷазоир, Афғонистон, Бангладеш, Беларус, Боливия, Венгрия, Венесуэла, Гурҷистон, Зеландияи Нав, Индонезия, Ироқ, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кувайт, Малайзия, Марокаш, Монтенегро, Муғулистон, Озарбойҷон, Парагвай, Покистон, Қатар, Молдова, Русия, Ҷазираҳои Сейшел, Сенегал, Сингапур, Сурия, Судон, Таиланд, Тимор-Леште, Того, Туркманистон, Украина, Филиппин, Финляндия, Ҳаити, Ҳиндустон, Хорватия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эритрея, Эрон, Яман, Япония ба рӯйхати ҳаммуалифони он дохил гардидаанд.

Тибқи қатъномаи мазкур, ҷиҳати арзёбии раванди татбиқи Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт 2005-2015» ва муайян кардани иқдомоти минбаъда барои дастрасӣ ба рушди захираҳои обӣ ду чорабинии сатҳи баланд, яке дар Ню-Йорк (Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ, моҳи марти соли 2015) баргузор гардида, дигаре имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе (Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, 9-11 июни соли 2015) ҷараён дорад.

Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об» идомаи иқдомоти Тоҷикистон дар масъалаҳои мудирияти устувори захираҳои обӣ маҳсуб мешавад.

Бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд.

Имрӯз низ ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе кишварҳои узви СММ ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҷост, ки бо дастгирии 141 кишвари дунё ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, СММ солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «ОБ БАРОИ ҲАЁТ» эълон кард.

Хушбахтона, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ яке аз ҷойҳои намоёнро дар ҷаҳон ишғол менамояд. Зиёда аз 50 дарёи манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, ки аз оби яху борон пур мешаванд, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд.



Вале таассуфовар аст, ки новобаста аз аҳамияти об баъзе шаҳрвандон дидаю дониста ба он ҳар гуна партовҳо мепартоянд, ки боиси ифлосии об мегардад.

Аз рӯйи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Бинобар ин, масъалаҳои марбут ба об дар тамоми ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ доир ба масъалаҳои рушди устувор мақоми махсус доранд. Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» мусоидат ба иҷрои ҳамаи уҳдадориҳои байналхалқӣ дар масъалаи захираҳои об ва захираҳои дигари ба он вобаста то соли 2015 мебошад.

Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
шаҳри Кӯлоб



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷли ...

Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷли ...

Сиёсат, Хабарҳо
Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст

Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои  СУС ҳамкориҳои бисёрҷонибаро ба роҳ мемонад

Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СУС ҳамкориҳои бисёрҷонибаро ба роҳ мемонад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Танзими оила ва банақшагирии хонавода дар Хитой

Танзими оила ва банақшагирии хонавода дар Хитой

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
Қабули Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон барои солҳои 2015-2017

Қабули Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон барои солҳои 2015-2017

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА