Дар як сатр
» » 4 дастаи хатлонӣ дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2015

4 дастаи хатлонӣ дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2015

9-06-2015, 17:29

4 дастаи хатлонӣ дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2015Бозиҳои ҷавобии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол панҷ дастаи ширкаткунандаи даври ҳаштякниҳоиро муайян карданд.

Аз он ҷумла ба даври ҳаштякниҳоӣ дастаҳои «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритус ва «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд, роҳ ёфтанд. Боз як дастаи ширкаткунандаи 1/8 финал ғолиби ҷуфти «Кӯктош» (Рӯдакӣ) — «Панҷшер» (Ҷ. Румӣ) мегардад.

Бояд гуфт, ки даҳ дастаи лигаи олӣ – «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Равшан» (Кӯлоб), «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Хайр» (Ваҳдат), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан), ССКА «Памир» (Душанбе), «Барқи тоҷик» (Душанбе) ва«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ба мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон-2015 аз даври ҳаштякниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ соли гузашта дар мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон то ба марҳилаи нимфинал расида буд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад

15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА