Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Афзоиши масоҳати гармхонаҳо


Афзоиши масоҳати гармхонаҳо


Дар вилояти Хатлон масоҳати гармхонаҳо ба 806,7 гектар расидааст. Аз он гармхонаҳои доимӣ 57,3 гектар ва мавсимӣ 752,4 гектар мебошад.
      Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз Сарраёсати кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, аз ҷумла дар бахши ҷамъиятию хоҷагиҳои деҳқонӣ масоҳати гармхонаҳо 426,4 гектар, аз он доимӣ 45,8 гектар ва мавсимӣ 380,6 гектар аст. Дар гармхонаҳо ба ҳолати 1 июли соли 2021 ҳамагӣ 808,3 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 307,9 гектар, бодиринг 268,5 гектар, дигар сабзавот 231,9 гектар буда, масоҳати гармхонаҳои парвариши лимӯ 327 гектар, аз он ҳосилдиҳанда 282 гектар мебошад. Манбаъ афзуд, ки то 1 июли ҷорӣ аз гармхонаҳои вилоят 23596,4 тонна маҳсулот, аз ҷумла 7069,8 тонна помидор, 7868 тонна бодиринг ва дигар сабзавотҳо 8657,6 тонна истеҳсол гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 356 тонна ва майдони он 155 гектар зиёд мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода