Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Қарори нави Ситоди вилоятӣ


Қарори нави Ситоди вилоятӣ


Фаъолияти тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ зери назорат қарор гирифта, баъд аз соати 22:00 фаъолияташон манъ карда мешавад.



Ин тадбир тибқи қарори Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз пайдоиш ва интиқоли сирояти нави коронавирус COVID-19 дар вилояти Хатлон, ки таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид, амалӣ карда мешавад. Ситоди вилоятӣ ҳамчунин дастур додааст, ки бо мақсади роҳ надодан ба паҳншавии бештари ин бемории сироятӣ баргузории тӯю маъракаҳо дар доираи талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ бо маҳдудият гузаронида шуда, гаштугузори кӯдакон, инчунин гаштугузори бемавриди калонсолон дар рӯзи Иди Қурбон манъ карда шавад. Тибқи қарори ситод, ҳамчунин бояд ҷиҳати назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ, реҷаи ниқобпӯшӣ, риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору нуқтаҳои савдо, муассисаҳои тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон, иттиҳодияҳои динӣ, корхонаю коргоҳҳо, нақлиёти мусофиркаш ва дигар мавзеъҳо чораҳои таъхирнопазир андешида шавад

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода