Дар як сатр
» » Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

29-05-2015, 17:17

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст
Яке аз ҳадафҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба оилаҳои ҷавон, махсусан эҳтироми занону бонувонро ба ҷо овардан маҳсуб меёбад. Аз ҷумла Сарвари давлат ба он ишора намуд, ки дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила зери таваҷҷуҳ аст. Ва ин ҳама аз бузургии занону таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбати ин табақаи ҷомеа мебошад. “Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем”, - изҳор дошт Президенти кишвар дар рафти суханронии хеш.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд намуд, ки бо вуҷуди дастгирӣ аз ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон, дар ин самт проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз зиёданд. Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2014 аз 95 ҳазору 500 ақди никоҳи бақайдгирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст. Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад.

Проблемаи дигаре, ки дар паём махсус таъкид гардидааст, ин ба мушоҳида расидани ҳолатҳои никоҳи хешовандони наздик дар миёни ҷавонон мебошад, ки ин боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд. Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд.

Тибқи моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқомати онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо розигии шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин ҳуқуқи муқаррарнамудаи қонун истифода намекунанд.

Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Бо дарназардошти аҳамияти масъала мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Сарвари давлат соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шуд.

Аз ин рӯ, ҳар дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон омадааст, дар амалӣ сохтанаш бояд ҷидду ҷаҳд намоем, зеро ободиву сарсабзии кишвар, пешрафти илму технология ва дар маҷмӯъ хушбахтиву сарсабзии фарзандонамон аз мо вобаста аст.

Шавкат ХОЛМАТОВ,
нотариуси давлатии
Идораи нотариалии давлатии
ноҳияи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Фармони Президент оид ба «Соли оила»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ
Соли 2015 - «Соли оила»

Соли 2015 - «Соли оила»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА