Дар як сатр
» » Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

29-05-2015, 15:54

«Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад».
Эмомалӣ РАҲМОН, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ин иқдоми неку созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли некест барои пойдории оилаҳо ва солимии ҷомеа. Зеро, тавре ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр намуд: «… масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад… Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад».

Дар воқеъ ҳамин тавр ҳам ҳаст. Махсусан вақтҳои охир ин масъала доғи рӯз гаштааст. Ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зиндаятим гаштани фарзандон ва аз ғамхорию тарбияи падар дур мондани онҳо нигаронкунанда аст. Дар барқарор намудани оила масъулияти зан ва мард ҳанӯз кофӣ нест.

Дар моддаи 33-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд». Ин нуқта дар Паёми имсолаи Сарвари давлат низ зикр ёфтааст.

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза ин тавр нест. Бисёр ҷавонон аз рӯйи ҳавою ҳавас оила бунёд мекунанд. Духтар ва ҷавон якдигарро наомӯхта, ба қавле, ошиқ шуда ба ҳам издивоҷ мекунанд. Дар аксари маврид ҳатто розигии волидайн ба инобат гирифта намешавад. Пояи чунин издивоҷ устувор набуда, дар охири кор оила ба парешонӣ меравад. Ҷавонписарон ин амалӣ хешро «хатои ҷавонӣ» маънидод мекунанд.

Барои тақвияти гуфтаҳои боло аз бахти шикастаи ҷавонон чанд мисол меорем.

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон парвандаи оилавиро бо даъвои Содиқова Насиба Хайруллоевна дар бораи аъзои оилаи молик эътироф кардан ва маскун намудан дар манзили истиқоматӣ баррасӣ намуд. Даъвогар Насиба Содиқова даъвояшро ба он асоснок кардааст, ки бо ҳамҷавобгар Абдуллоев Тоҷиддин Қурбоналиевич (айни замон хизматчии ҳарбӣ) ба тариқи расмӣ якуми сентябри соли 2013 таҳти №133 дар шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ никоҳи худро ба қайд гирифта, зану шавҳар шуда, зиндагии якҷоя намуданд. Аз зиндагии якҷоя соҳиби як фарзанд мебошанд. Аз сабаби мувофиқ наомадани хислати якдигар ва ҷанҷолҳои оилавӣ ҷавонон созиш накарданд. Оқибат шавҳар талоқи занро дода, ӯро бо фарзандаш аз хона ронд.

Мутобиқи талаботи моддаи 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои оилаи молик, ки дар бинои истиқоматиаш ҷой дода шудаанд, ҳақ доранд баробари ӯ аз манзили истиқоматии бино, агар ҳангоми ҷойгир шудан тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, истифода барад. Онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар хонаи барояшон ҷудонамудаи молик фарзандони ноболиғи худро ҷой диҳанд.

Бо дастрасии моддаҳои 198-203 Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд даъвои Содиқова Насиба Хайруллоевнаро дар бораи аъзои оилаи молик эътироф кардан ва маскун намудан дар манзили истиқоматӣ қонеъ кунонд.

Ҳамзамон ҳолатҳое низ ҳастанд, ки занони бахтшикаста барои аз шавҳар рӯёнидани алимент ба суд муроҷиат мекунанд. Масалан, Гулова Фарангис Давлатовна барои аз шавҳараш С. М. Салимов, афсари қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯёнидани алимент бо даъво ба суд муроҷиат намуд. Онҳо аз зиндагии якҷоя соҳиби ду фарзанд мебошанд.

Ҳар яке барои бегуноҳии худ даъвою баҳона пеш оварда, дар оянда зиндагии якҷояро идома доданӣ нестанд. Мувофиқи қисми 1 моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. С. Салимов аз суд хоҳиш намуд, ки барои тарбияи фарзандонаш аз ҳисоби музди меҳнаташ алимент рӯёнида шавад. Суд хоҳиши ӯро қонеъ гардонд.

Ба ҳамин монанд Бухориева Салима Насруллоевна, (шавҳараш Илҳомҷон Ҷӯраев, низомӣ) ва Бобомуродова Фарида Мирзоевна (шавҳараш Раҳимҷон Нурхонов, хизматчии ҳарбӣ) ба суд бо даъвои рӯёнидани алимент муроҷиат намуда, даъвояшон қонеъ карда шуд.

Дар чор моҳи соли 2015 ба Суди ҳарбии гарнизони Хатлон 6 даъво барои маскун намудан ба манзили истиқоматӣ ва 7 даъво барои рӯёнидани алимент ворид гардид. Се нафар муроҷиаткунанда ҳамчун аъзои оила эътироф гардида, дар манзили истиқоматиашон маскун шуданд. Даъвои занон барои аз ҳисоби шавҳар рӯёнидани алимент низ қонеъ кунонида шуд.

Вақте ки кас бо парвандаҳои оилавӣ шинос мешавад, ба худ суол мекунад: Оё барои тарбияи фарзанди ноболиғ, ки бо айби падару модар онҳо зиндаятим мемонанд, алиментсупорӣ роҳи ҳалли масъала шуда метавонад? Не, албатта!

Ба иддаои баъзе падарон, гӯё бо алиментсупорӣ вазифаи худро дар назди фарзанд иҷро мекарда бошанд. Ин ақидаи нодуруст аст. Алиментсупорӣ падарро аз тарбия намудани фарзанд озод намекунад. Барои солиму комил ба камол расидани онҳо меҳрубонӣ, ғамхорӣ, иштироки ҳам падару ҳам модар зарур аст. Вақте ки падар дар тарбияи фарзанд бетараф мемонад ва модар барои пешбурди оила аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ мешавад, фарзанди беназоратмонда кӯчагарду дузд, мактабгурезу озорӣ ба камол мерасад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар ин маврид хеле хуб таъкид намудааст: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».

Каромати НУРУЛЛО,
иҷрочии калони Суди ҳарбии гарнизони Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оила- асоси зиндагӣ

Оила- асоси зиндагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ
Соли 2015 - «Соли оила»

Соли 2015 - «Соли оила»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА