Дар як сатр
» » Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

28-05-2015, 19:14

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон тасмим гирифт, ки сафари 18 ҷавони маҳаллиро ба мавзеъҳои таърихии кишварамон ташкил диҳад, то онҳо бо фарҳангу таърихи миллату давлат ошноии бештаре пайдо кунанд.

Саёҳати ин гурӯҳи ҷавонон аз ноҳияи Данғара оғоз гашта, онҳо аз осорхона, чойхонаи «Хуррамшаҳр», бинои Донишгоҳи давлатии Данғара дидан ва аз осори ниёгон маълумоти кофие аз худ карданд.

- Мо кӯшиш карда истодаем, ки дар ин саёҳат ҷавонони фаъолро аз шаҳру ноҳияҳо ҷалб намоему дар оянда бо онҳо кор барем, - мегӯяд Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон. - Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадаш қайд менамояд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Ба хотири шиносии беҳтари ҷавонон бо таъриху тамаддуни миллӣ Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят тасмим гирифт, ки саёҳати фарҳангии як гурӯҳи ҷавононро аз рӯйи хатсайри Қӯрғонтеппа-Данғара-Восеъ-Кӯлоб ташкил намояд, то онҳо аз ҷойҳои таърихии кишварамон дидан кунанд. Масалан, яке аз ҷойҳои таърихӣ ин қалъаи Ҳулбук, воқеъ дар ноҳияи Восеъ, мебошад. Ҳулбук яке аз калонтарин шаҳр ва пойтахти Хатлон дар асрҳои IХ-Х буд.

Дар моҳи май тибқи нақшаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ се маротибаи дигар ҷавонон ба мавзеъҳои тамошобоби вилоят сафар хоҳанд кард.

Ҳар халқи дунё дорои муқаддасотест, ки дар давраи муайяни таърихӣ симои ин халқро инъикос намуда, гувоҳномае аз ҳиссаи он дар бунёди тамаддуни башар мебошад. Аз ин муқаддасот то замони мо шаҳру шаҳракҳои қадима, манораю мақбараҳо ва ё осори хаттӣ мондаанд. Барои мардуми барӯманди Хатлон вайронаҳои пойтахти қадимаи он - шаҳри Ҳулбук аз ҷумлаи чунин муқаддасот маҳсуб мегардад.

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ёдгориҳои беҳамтои таърихӣ ва меъморӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳар рӯз ҳазорон нафар барои зиёрати оромгоҳи ин шахсияти бузург меоянд. Мақбара дар шаҳри Кӯлоб ҷойгир мебошад. Аз рӯзи дафни Алии Ҳамадонӣ (соли 1386) то ба имрӯз мақбараи ӯ зиёратгоҳи ҳаводорони шеъру ирфон мебошад.

Мавлуда Гулова, хонандаи мактаби №10-и шаҳри Қӯрғонтеппа, қайд кард, ки боздид аз мавзеъҳои таърихии Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он орзуи деринаи ӯ буд, ки акнун амалӣ шуд.

- Бинед, чӣ қадар мавзеъҳои таърихӣ доштаем, метавонем аз ин ҷо рафта, миёни ёру рафиқон тарғибу фаҳмондадиҳӣ намоем, - гуфт Тоҷиддин Тоҷиддинов, донишҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав, ки дар ин гурӯҳи сайёҳон шомил буд.

Воқеан ҳам вилояти Хатлон мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ дошта, барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ омода мебошад. Мавқеи ҷуғрофии мусоид, манзараҳои дилнишин, обу ҳавои тоза, чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи вилояти Хатлон барои сайёҳони тамоми гӯшаю канори дунё ҷолибу диданӣ буда, аз ҷумла барои рушди саёҳати экологӣ имконияти басо бузург дорад.

Комрони БАХТИЁР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Корвони наврӯзии рӯзноманигорон ба Кӯлоб расид

Корвони наврӯзии рӯзноманигорон ба Кӯлоб расид

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

---
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР