Дар як сатр
» » М. Ҷабборӣ: «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад»

М. Ҷабборӣ: «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад»

26-05-2015, 15:12

Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, ба навоҳии Шаҳритусу Носири Хусрави вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

М. Ҷабборӣ: «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад»

Нахуст ӯ аз мактаби бачагонаи варзишии ноҳияи Шаҳритус боздид намуд. Зимни вохӯрӣ бо тарбиягирандагони мактаб М. Ҷабборӣ зикр намуд, ки дар ноҳияи Шаҳритус барои рушди варзиш ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Биноан дастпарварони мактаб бояд ба варзиш машғул шуда, ҳамзамон таҳсилро идома диҳанд, зеро ояндаи кишвар вобаста ба ҷавонон аст.

Роҳбарияти ноҳия ва мураббиҳои бахши варзиш итминон доданд, ки ба дастовардҳои нав дар бахши варзиш ноил хоҳанд шуд.

Муовини Сарвазир дар Шаҳритус ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи коргоҳи нави дӯзандагии дорои 15 ҷойи корӣ иштирок намуд. Ин коргоҳро созмони ҷамъиятии «Чашма»-и ноҳияи Шаҳритус таъсис додааст. «Барои бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бояд ҳамаи имконоти мавҷуда истифода шаванд, зеро ин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти дохилӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад», - гуфт зимни суханрониаш М. Ҷабборӣ.

М. Ҷабборӣ дар ҷараёни сафараш ҳамчунин аз хоҷагии деҳқонии «Наврӯзҷон», беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус ва литсейи касбии техникӣ низ боздид намуд.

М. Ҷабборӣ: «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад»

Сипас М. Ҷабборӣ бо деҳқонони хоҷагии «Раҳматшобобо» вохӯрд. Алҳол деҳқонони хоҷагии мазкур дар масоҳати 6 гектар кишт карда, қисми зиёди деҳқонони онро занон ташкил медиҳанд. «Тарбияи насли наврас ва рушди тиб ба андозаи зиёд вобаста ба занон аст. Агар мо дар ҷараёни тарбияи ҷавонон ба саҳлгирӣ роҳ диҳем, ин метавонад ба ояндаи насли ҷавон таъсири манфӣ расонад», - зикр намуд М. Ҷабборӣ. Занони хоҷагӣ гуфтаҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо камоли самимият пазируфта, изҳор доштанд, ки онҳо ҳамеша ба рушди ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.

М. Ҷабборӣ дар ҷамоати Сайёд аз маҷмааи таърихии «Хоҷа Машҳад» боздид намуда, ҳамчунин бо фаъолияти ҷавондухтароне, ки ба бахиядӯзӣ машғуланд, шинос шуд.

М. Ҷабборӣ дар ҷараёни сафараш бо аъзои оилаи Муродалиевҳо шинос шуд. Қобили зикр аст, ки хонаводаи мазкур ҳафт писар дорад, ки аксарияташон дорои маълумоти олӣ буда ва он барои мардуми ноҳияи Шаҳритус намуна аст. «Бояд корҳои тавзеҳотии байни ҷавонон роҳандозӣ шуда, натиҷаҳои хуби тарбияи насли наврас аз мисоли чунин оила дар байни мардум ташвиқу тарғиб гарданд», - афзуд дар хотима муовини Сарвазир.

Зимни вохӯрӣ бо шогирдони мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритус Марҳабо Ҷабборӣ ба онҳо китобҳои ҷолибро тақдим намуд.

М. Ҷабборӣ: «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад»

Дар ҳамин ҳол, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Носири Хусрав низ суҳбат карда, аз ҷумла бо кормандони соҳаи тибби ҷамоати Наврӯз мулоқот анҷом дод. М. Ҷабборӣ изҳор дошт, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ иборат аз ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аст. Аз моҳи сентябр баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ аз ин шаҳодат медиҳад. Кормандони тиб бояд сифати хидматрасонӣ ва сатҳи донишашонро баланд бардоранд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ зимни сафар ба вилояти Хатлон аз ҷамоати Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав боздид намуда, бо занони фаъоли ҷамоат вохӯрд. Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки бояд ба тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба ҳалли мушкилоти ҷавонон мусоидат карда, ба ҷавонон барои интихоби касб дасти ёрӣ дароз карда шавад. «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад», - гуфт дар хотима Марҳабо Ҷабборӣ.

(Аксҳо аз Мурод Назариён)


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Наврӯзи ҷавонони ноҳияи Шаҳритус (акс)

Наврӯзи ҷавонони ноҳияи Шаҳритус (акс)

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Нигаронии муовини Сарвазир

Нигаронии муовини Сарвазир

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология