Дар як сатр
» » 1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

26-05-2015, 16:37

1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар ЁвонИмрӯз, тақрибан 1,5 соат пеш ҷавони 25-солае дар ноҳияи Ёвон дар дарё ғарқ шуда, наҷотбахшони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ҷасади ӯро ҷустуҷӯ мекунанд.

Ба иттилои Вафо Ашӯров, корманди масъули Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон, ин ҷавон Абдурасул Ҷабборов ном дошта, вақти моҳидорӣ дар шохоби дарёи воқеъ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон аз беэҳтиётӣ ба рӯдхона сарозер шуда, ғарқ гардидааст.

Бояд гуфт, ки ин 7-умин нафари ғарқшуда дар каналу дарёҳои қаламрави минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар соли 2015-ум аст.

Моҳи январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон навраси 15-сола Меҳрубони Нуриддин ҳам ҳангоми моҳигирӣ дар канали магистрали ин ноҳия ғарқ шуда буд. Ноболиғони дигар Алимардон Акрамови 8 ва Саидмуҳриддин Тоҳирови 5-сола рӯзи 3 майи соли ҷорӣ ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари ноҳияи Ёвон ғарқи об шуда, ҳалок гардидаанд. Озода Тошмуродоваи 6-сола бошад, 19 марти соли ҷорӣ дар канали Чорсӯи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳини обгирӣ барои нӯшидан сарозер шуда, фавтида буд.

Ҷасади беҷони кӯдаки 6-сола Илҳом Ниёзов, сокини шаҳри Сарбанд, ки рӯзи 29 апрел ҳангоми дар назди канали Ҷайҳуни маркази шаҳри Қӯрғонтеппа бозӣ кардан ба об афтида буд, танҳо рӯзи 22 май аз ҷониби кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят (СҲФ) пайдо гардид.

СҲФ-и вилояти Хатлон шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки аз оббозӣ ва моҳидории фарзандони худ ва кӯдакону наврасон дар мавзеъҳои хавфовар ҷилавгирӣ намоянд.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология
Наҷоти ду ҷавон аз хавфи ғарқшавӣ

Наҷоти ду ҷавон аз хавфи ғарқшавӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Ҳушдори СҲФ-и Хатлон

Ҳушдори СҲФ-и Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА