Дар як сатр
» » Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

25-05-2015, 17:05

Озмуни вилоятии «Осорхона - ойинаи таърих», ки бо ибтикори маъмурияти Осорхонаи вилоятии таърихию кишваршиносии ба номи «Авасто» миёни осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор шуда буд, натиҷагирӣ шуд.

Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?Ба иттилои Насриддин Каримов, сарвари осорхонаи вилоятии «Авасто», дар ин озмун бо мақсади тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, эҳсоси ватандӯстию эҳтиром ба мероси ниёгон ва таҳкими кори осорхонаҳои музофот ташкил шуда буд, 14 осорхона фаъолона ширкат варзиданд.

Пас аз таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи фаъолияти осорхонаҳои дар озмун ширатдошта аъзои ҳакамон ҷойи аввалро ба осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Фархор сазовор донистанд. Ҷойи дуюм насиби осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Ховалинг ва ҷойи сеюм насиби осорхонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппаю ноҳияи Қубодиён гардид. Аз ҷониби таъсисдиҳандаҳои озмун ба ғолибон аз 200 то 500 сомонӣ ҷоизаҳои пулӣ тақдим шуд.

- Чунин озмунҳо ҷиҳати рушди осорхонаҳо соле як маротиба доир карда мешавад, - изҳор дошт Насриддин Каримов, сарвари осорхонаи вилоятии таърихию кишваршиносии ба номи «Авасто», - то ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мероси куҳан, арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон, пос доштани урфу одатҳои миллии хеш бохабар бошад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бинои «Осорхонаи мардумӣ» табоҳ мешавад? (акс ва видео)

Бинои «Осорхонаи мардумӣ» табоҳ мешавад? (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Афсарон - ҳомиёни Ватан»

«Афсарон - ҳомиёни Ватан»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА