Дар як сатр
» » Фидоии забони модарӣ

Фидоии забони модарӣ

25-05-2015, 09:01

Фидоии забони модарӣШоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ замоне по ба майдони сухану суханварӣ ниҳод, ки адабиёти тоҷик аз ҳар қаламкаш истеъдоди баланди фитрӣ ва салиқаи тозаи эҷодиро талаб мекард. Ӯ тавонист бо аввалин чакидаҳои хомаи сеҳрангезаш диққати аҳли маънии баландро ба худ кашад. Ӯ дар шеър фалсафаи зиндагиро аз нигоҳи як нафар шоири ҳассос гунҷоиш дод ва тавонист, ки дар ин боб навгӯву навҷӯ бошад.

Шавқу завқ бо шеър, эҳсос намудани дарди замон ва нангу ори миллӣ ба шоири хушистеъдод имкон дод, ки ҳама мушкилоти роҳи эҷодиро паси сар созад.

Дар қаламрави фарҳанги тоҷикон фаъолияти Лоиқ Шералӣ аз чанд лиҳоз бо кору пайкори устод С. Айнӣ ҳамгун аст. Худи шоири афрохтасари миллат дар «Ворисон» ном шеъри саршор аз меҳру эътиқодаш таъкид карда буд, ки «Пайрави устод Айниву устод Турсунзода аст». Ва як ҳамгунии фаъолияти устод Айниву Лоиқ дар бахши бузургдошти забони модарӣ ва талош баҳри густаришу тақвияти он ба мушоҳида мерасад. Лоиқ дар ин бахш солҳои 60-90 асри гузашта он хидматеро ба ҷо овард, ки устод Айнӣ солҳои 20-30-и ин аср ба ҷо оварда буд. Лоиқ ҳанӯз аз нахустгомҳои хеш дар арсаи адабиёт такя ба неруи забони ноби тоҷикӣ кард, як силсила вожаву ифодаву ибораҳои суфтаву хушоҳанг ва шоистаи классикиро аз нав сари кор овард, таносуби сухан ва тобишҳои маънавии онро хуб ва мавридшиносона истифода кард, боҷуръатона дар шеър қолабҳои тозаи суханофариниву ҷумлаороӣ ва ифодаҳои ноби мардумро ворид сохт. Бо мурури замон гуфтори самимиву пуробуранг ва фасеҳу гӯшнавози шоир таъкидгару тарғибгари нерумандиву тавоноии забони тоҷикӣ гардид. Гузашта аз ин ӯ ҳамчун устоди сухан як даста вожаву ифодаҳое офарид, ки созгори қоидаҳои дерини сарфу наҳви тоҷикӣ буда, забонамонро ғановатмандтар сохтанд ва ба хазинаи луғавии он пазируфта шуданд, яъне оммавият пайдо карданд.

Интиҳои солҳои ҳаштодум ва ибтидои солҳои навадум Лоиқ чун чанд тан аз фарзонагони миллат ба ҳимояи забони модарӣ бархост, аз вазъи ногувори он бонги изтироб зад. Шеъри басо баландмазмуни ӯ «Забонгумкарда» дар ҷодаи тарғиби забони модарӣ, бузургдошту эҳтироми он нақше дорад баробар аз чандин мақолаву рисола. Чанд шоҳбайти ин шеър ҳамоно ба шакли лавҳа дар дару деворҳо ва канори кӯчаву хиёбонҳо ҳамарӯза моро ҳушдор медиҳад:

Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!


Абёти фаровони Лоиқ бевосита ба бузургдошту эҳтироми забони модарӣ, ба таъкиду собитсозии мавқеи волову нерумандии забони тоҷикӣ бахшида шудаанд.

Забони модариро пос дорем,
Ки аз Модар варо мерос дорем.
Ҳар кас, ки забони модариро гум кард,
Бояст, ки гум шавад зи хоки падарон.


Дар ҷодаи тарғибу гиромидошти забони тоҷикӣ ва эътирофи мақоми давлатии он шоири дилсӯзу баору номуси миллат аз чаҳорчӯбаи шеър чун устод Айнӣ берун гашт ва мақолаҳои пурсӯзу пурдалел ва муассире аз қабили «Дар дуроҳа», «Шиносномаи миллат», «Як рукни муқаддасоти миллӣ» навишт, ки баҳри бедориву худогоҳӣ ва ташаккули ифтихори миллии мардум хизмати арзишманд карданд. Ҳақталошиву фидокориҳои Лоиқ баҳри мақоми давлатӣ пазируфтани забони тоҷикӣ худ як дарси пурмуҳтавову ибратбахши ватандориву миллатдӯстист. ӯ ҳамчун асосгузор ва нахустраиси Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ солҳои зиёде баҳри густариши забони тоҷикӣ, эҳёи назокату ғановати дерини он фаъолияти пурсамар ва талошҳои боровар дошт.

Ашъору осори Лоиқ Шералӣ худ оинаест инъикосгари ҳусну малоҳат, ғановату нерӯмандии забони модарии мо. Лоиқ дар суҳбату гуфтори муқаррарии ҳамарӯзааш низ забони ширину дилрас ва гӯшнавоз дошт.

Мирзо СУЛАЙМОН,
омӯзгор

«Хатлон», №24, аз 21 майи соли 2015




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  ...

Гиромидошти забони тоҷикӣ дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР