Дар як сатр
» » 6 озмун барои кӯдакони боистеъдоди Хатлон

6 озмун барои кӯдакони боистеъдоди Хатлон

25-05-2015, 08:32

6 озмун барои кӯдакони боистеъдоди ХатлонБахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон - 1 июн бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз 24 то 31 майи соли 2015 дар қаламрави вилояти Хатлон силсилаи чорабиниҳо таҳти унвони «Солимӣ, зебоӣ, масъулият - ояндаи ҷомеа» гузаронида мешавад.

Ба иттилои Баҳром Миров, мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ҳадаф аз эълони ҳафтаи кӯдакон ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мебошад. «Бедор намудани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб ва ба ҳуқуқвайронкунию ҷиноят даст задани ноболиғон, дарёфти истеъдодҳои беҳтарин аз миёни кӯдакон аз ҷумлаи мақсадҳои аслии озмун аст», - афзуд Б. Миров.

Дар доираи чорабиниҳои ҳафта дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактаб-парваришгоҳҳо, боғчаҳои бачагони шаҳру навоҳии вилоят гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои фарҳангии «Суханвари беҳтарин», «Овозхони беҳтарин», «Рақси беҳтарин», «Навозандаи беҳтарин», «Рассоми беҳтарин», «Чирадасти моҳир» ва бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд намудани ғолибон ба нақша гирифта шудааст.

Беҳтаринҳо барои соҳиб шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ рӯзи 30 май дар даври вилоятии озмун, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегардад, иштирок намуда, бо туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ хоҳанд шуд. Дар озмунҳои мазкур кӯдакони то 18-сола иштирок карда метавонанд.

Барои ишғоли ҷойи аввал ба 6 нафар тақдими Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар ҳаҷми 400 (чорсад) сомонӣ, барои ҷойи дуюм ба 6 нафар Ифтихорнома ва 300 (сесад) сомонӣ, инчунин барои 8 иштирокчии фаъоли озмунҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва ба 6 нафар мураббиён дар ҳаҷми 100 (сад) сомонӣ ба ҳар кадомашон пешбинӣ карда шудааст.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Азми таҷлили чаҳоррӯзаи Наврӯз дар тамоми вилоят

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

Беҳтарин осорхонаи Хатлон кадом аст?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА