Дар як сатр
» » Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

1-01-2015, 13:28

Худо аз марги забон нигоҳ дорад!Забони адабии тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин буда, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси забони давлатию коргузорӣ эътироф гардидааст.

Мо - соҳибзабонон бояд нисбат ба забони модарии худ эҳтиромро қоил бошем ва аз истифодаи ҳар гуна калимаву ибораҳои хилофи меъёрҳои адабӣ худдорӣ варзем. Донистанист, ки сатҳи забономӯзии мо баробари донишандӯзиямон боло рафта, бад-ин минвол бахусус маърифати ҷавонон беш аз пеш ташаккул меёбад. Дар ин сурат, аксари кулли аҳли ҷомеа метавонанд ҳамчун соҳибзабон барои рушди забони адабӣ мусоидат намоянд.

Гуфтанист, ки беэҳтиромӣ нисбат ба забон аз тарафи сарояндагону ҷавонони кӯчагард бештар эҳсос мегардад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки агар мо забони адабиро софу беолоиш нигоҳ надорем, он метавонад гӯшхарошу камтаъсир ва ҳатто осонмаҳв бигардад. Ҳар қадар сатҳи забондонии миллат дар дараҷаи баланд бошад, ҳамон қадар соҳибмаърифат будани халқият намоён мегардад.

- Баъзан дар кӯчаю бозор ва ҳатто дар хиёбонҳои шаҳр шоҳиди он мешавем, ки аз забони ҷавонони мо ҳар гуна калимаҳои аз доираи меъёру одоб берун, амсоли «девонашай», «харай», «тенҷай», «ҳайвон бдай», ки дар забони адабии мо тамоман вуҷуд надорад, истифода мегарданд, -мегӯяд Муҳаббат Маҳмадалиева, саромӯзгори кафедраи рӯзноманигории ДДҚ ба номи Носири Хусрав. - Ин калимаҳо аллакай барои қисме аз мардум ба ҳукми одат даромадааст. Вале таассуфангез он аст, ки чунин муносибат ба коста гардидани забони тоҷикӣ оварда мерасонад. Риоя кардани меъёрҳои забони адабӣ аз эҳтиром ба забони модарӣ маншаъ мегирад. Бояд донишҷӯён, ҷавонон ва насли наврас асло фаромӯш накунанд, ки бузургтарин муқаддасоте, ки имрӯз миллатро муаррифӣ менамояд ва тавассути он акнун моро ҳамчун соҳибтамаддун дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд, маҳз забони модарӣ мебошад.

Мусоҳиби дигари мо донишҷӯ Низоми Шамсиддин ақида дорад, ки забони адабӣ бештар дар деҳотҷойҳо риоя намегардад. «Ҳангоми дар мактаби миёнаи қишлоқ таҳсил карданам мушоҳида мекардам, ки муаллимаи ҷавони забон ва адабиёти мо худ ба забони адабӣ ҳарф зада наметавонад. Ва чун гоҳо кӯшиш мекардам, ки адабӣ сухан кунам, дӯстонам ба ин мазмун мазоҳ мекарданд: аз қишлоқ рафтӣ, акнун шаҳрӣ шудӣ? Ҳол он, ки мардуми шаҳр низ имрӯз гуфтори лаҳҷавӣ доранд. Барои ҳамин, ман маҷбур шудам, ки боз бо лаҳҷа сухан гӯям», - афзуд Низоми Шамсиддин.

Дар ҳамин ҳол, Собирҷон Маҳмадёров, аспирани ДДҚ ба номи Носири Хусрав, аз гуфтаҳои мусоҳиби болозикрамон як қадар ҷонибдорӣ намуда, гуфт: «Дар ҳақиқат, тарзи гуфтугузори феълии ҷавонон ба ҷое расидааст ногуфтанӣ. Агар бигӯем, ки он масъалаи доѓи рӯз аст, хато намекунем. Бо вуҷуди оне, ки дар миёни соҳибони ҳамаи касбҳо «дӯстдорон»-и шева зиёданд, мутаассифона, байни таълимдиҳандагони забон - омӯзгорон низ чунин нафарон кам нестанд, ки хоҳ нохоҳ таъсири манфиаш ба талаба ё донишҷӯ мерасад».

Аммо Абдуҷаббор Саидов, донандаи шеваҳои якчанд минтақа, бар ин назар аст, ки намешавад талаби даст кашидан аз гуфтугузори шевагиро қотеона ба миён гузошт. «Вақте мо забони тоҷикӣ мегӯем, бояд донем, ки он аз шохаҳои асосии шеваю лаҳҷа низ иборат аст. Забони адабӣ оҳиста-оҳиста рушд карда, дар давраҳои гуногуни таърихӣ ташаккул меёбад. Ва яке аз манбаҳои такомули забони адабӣ ин лаҳҷаҳоянд. Ҳамаи он ибораҳое, ки ба забони адабӣ ворид мешаванд, пеш аз ҳама, ба шеваю лаҳҷаҳо, ба забони омма дохил мешаванд. Омӯзиши шеваю лаҳҷаҳо имрӯз давом дорад. Мо хоҳем нахоҳем, дар як маҳал, ҳатто дар як оила бо шеваю лаҳҷаҳои худ гуфтугӯ мекунанд. Мо шеваю лаҳҷаро аз байн бардошта наметавонем, зеро ин талаби замон аст», - афзуд мавсуф.

Бархе бар ин ақидаанд, ки ин истеъмоли калимаву ибораҳои дурушту каммаънӣ миёни ҷавонон маҳз дар муҳити оила ба вуҷуд меояд. Носир Аҳмадов ҳам ин андешаро ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки волидайн вазифадоранд, то одоби муоширатро ба фарзанд биомӯзанд ва ҳамзамон, назорат намоянд, то дар кӯча ҳарфи қабеҳе ёд нагирад. «Агар эшон «Писарам, куҷо рафта истодаед? Писарам, чой менӯшед?» гуфта муроҷиат кунад, аллакай таълиму тарбияи кӯдак саршуда маҳсуб меёбад. Ва гӯши фарзанд, ки ба шунидани чунин суханҳо одат кард, худаш онҳоро такрор мекунад. Лекин, мутаассифона, имрӯзҳо бисёр ба назар мерасад, ки падару модарон бо фарзандони хеш ба ин мазмун сухан мегӯянд: «Ҳа, чӣ гапай!? Ай кҷо омадӣ? Ҳе, лаънатӣ, мемри пагоҳтар биёй!». Чунин муносибат метавонад ба кӯдак зиён расонида, ба такрори тӯтивор водораш кунад», - зам кард Н. Аҳмадов.

Ба қавли устод Гулрухсор: «Марги миллат аз марги забон сар мешавад. Марги забон бошад, аз беэҳтиётии соҳибзабонон аст».

Худо нигоҳ дорад аз чунин пешомад. Пас, эй ҳамзабон, ҳоло моро чӣ мебояд кард?

Комрони БАХТИЁР,
Рӯзномаи «Хатлон», №37 (2978) Шанбе, 4 октябри соли 2014


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Ҳар сешанбе – Рӯзи забони тоҷикӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм
Фидоии забони модарӣ

Фидоии забони модарӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм