Дар як сатр
» » Нигаронии муовини Сарвазир

Нигаронии муовини Сарвазир

23-05-2015, 11:57

Нигаронии муовини СарвазирМуовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳолати кунунии рушди саноатро дар вилояти Хатлон хеле нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Ахиран дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ, таъсис ва рушди корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст, мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ ҷаласаи кории Азим Иброҳим бо раисон, муовинони сарпарасти соҳаи иқтисоди шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ёвон, А. Ҷомӣ, Хуросон, Бохтар, Вахш ва доираи соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа зикр шуд, ки ҳиссаи вилоят Хатлон дар Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии кишвар 1 миллиарду 695,9 миллион сомонӣ ё ин ки 25%-ро ташкил медиҳад.

Таносуби маҷмӯи маҳсулоти миёнаи саноатӣ ба сари аҳолии вилоят барои семоҳаи аввал 333,4 сомониро ташкил медиҳад, ки ин қобили қабул нест. «Мақсади асосӣ таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар деҳот ва минтақаҳо мебошад. Тавассути ин корхонаҳо ҳаҷми асосии истеҳсоли меваҷоту сабзавот бояд коркард гардида, иқтидори содиротии минтақа афзун гардад, чунки қисми асосии меваҷоту сабзавоти истеҳсолшаванда дар минтақаҳо бинобар сабаби набудани шароити нигоҳдорӣ аз даст меравад, ки ин ҷавобгӯи талабот нест», - изҳор дошт муовини Сарвазир.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёво ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст низ бунёд мешаванд

Корхонаҳои саноатӣ дар деҳот ва ноҳияҳои дурдаст низ бунёд мешаванд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА