Дар як сатр
» » Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

23-05-2015, 10:19

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоятШоми 22 майи соли ҷорӣ дар боғи фароғати фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатии ҷамъбасти чорабиниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ба 5 нафар кормандони ҷавон Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ба 30 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияи раиси вилоят ба андозаи 420 сомонӣ ва ба 20 нафар варзишгарони сатҳи байналмилалӣ туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Сипас ҳунармандони ҷавони вилоят баҳри болидарӯҳии ҷавонон ва иштирокчиёни чорабинии идона ҳунарнамоӣ намуданд.

Шоҳзод Раҳимов,
мудири бахши кор бо ҷавонони
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маҳфили «Модар - сароғози зиндагӣ» дар Қӯрғонтеппа

Маҳфили «Модар - сароғози зиндагӣ» дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Вахш. Аксияи интихоботӣ

Вахш. Аксияи интихоботӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА