Рӯзномаи Хатлон » Хабари рӯз » Хизмати ҳарбӣ меравед?


Хизмати ҳарбӣ меравед?


Касбомӯзӣ осон кунад хизматро

Бо мақсади ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиавӣ, таъмини сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚМҶТ) бо мутахассисони касбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2021 қарори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расид. Дар он гуфта мешавад, ки даъватшавандагон пеш аз рафтан ба хизмати низомӣ метавонанд аз курсҳои кӯтоҳмуддати касбҳои ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон лозимаро аз худ намоянд. Бо ин мақсад тибқи нақша на камтар аз 35%-и ҷавонони даъвати тирамоҳии соли 2021 фаро гирифта мешаванд. Маблағгузории омӯзиши онҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо карда мешавад.


                                                      

Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо ҷавонони далеру шоҷои ватан, ки баҳри ҳимоя ва пос доштани арзишҳои миллии халқу давлат содиқона ва софдилона адои хизмат мекунанд. Муқимов Юсуфалӣ аз ноҳияи Фархор буда, муддати якуним сол мешавад, ки дар қисми ҳарбии 07017-и Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён хизмати ватанро сарбаландона адо намуда истодааст. -Аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати кишвар сарфарозем, ки ба мо-ҷавонон барои дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намудан ҳама шароитро фароҳам овардааст. Ман пеш аз ба хизмати ҳарбӣ омадан дар курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ ройгон, яъне аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил намудам. Ин бароям имкон фароҳам овард, ки дар кору зиндагӣ вобастаи касе набошам. Яъне ҳар як фард бояд соҳиби касб шавад,-мегӯяд сарбоз Муқимов Юсуфалӣ. Тибқи маълумот дар муассисаҳои таълимии мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи (ММТВ ТҶММ) вилояти Хатлон барои соли хониши 2020-2021 тибқи нақша 145 нафар касбомӯзонро ташкил медод. Дар мавсими гузаштаи даъвати аскарӣ 84 нафар касбомӯзон баъди анҷоми таҳсил соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гашта, ба сафи ҚМҶТ сафарбар карда шудаанд. - Дар мактаби омӯзишии мо сафи касбомӯзон аз ҳисоби даъватшавандаҳо нисбат ба солҳои пеш зиёд шуда истодааст. Зеро дар ин ҷо шароити таҳсил ва омӯхтани касб барои ҷавонон муҳайё гардидааст. Боиси қайд аст, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён 41 нафар касбомӯз дар дараҷаи “В” номнавис ва ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Онҳо баъди анҷоми таҳсил соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гашта, ба сафи ҚМҶТ шомил шуданд. Мо ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мактуб ирсол намуда, даъват кардем, ки ҷавононро ба касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон баҳри тайёр намудани мутахассисон ҳамеша омода аст,- мегӯяд сардори ММТВ ТҶММ-и вилоят майор Файзулло Асомиддинов. -Касбам сартарошӣ мебошад. Пеш аз ба хизмат омадан бо роҳхати Раёсати Агентии шуғли маҳнат ва муҳоҷирати ноҳия тӯли ду моҳ дар курси кӯтоҳмуддат ин касбро омӯхтам. Дар қисми ҳарбие, ки айни ҳол хизмат дорам, ин касб ба кор омад. Мақсад дорам, ки баъди ба итмом расондани хизмат дар деҳаи худ дӯкони сартарошӣ кушода, зиндагиамро пеш барам,-мегӯяд Сиёвуш Файзалиев, сокини ноҳияи Вахш, старшинаи ротаи дуюми қисми ҳарбии 3503-и шаҳри Бохтар. Тавре аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, дар даъвати баҳории соли 2021 аз рӯйи нишондодҳо дар вилоят 205 нафар даъватшавандагон барои омӯхтани касбҳои сартарошӣ, кафшергарӣ, компютерӣ, механизаторӣ, таъмиргари автомобил, ошпазӣ ва барқчӣ ба Раёсат номнавис шудаанд, ки ин нишондод аз нақшаи пешбинишуда 3 нафар зиёд мебошад. -Ба даъватшавандаҳое, ки ба Агентӣ меоянд, тӯли 2-3 моҳ касбҳои гуногунро меомӯзонем. Ба онҳо ҳар моҳ стипендия ба миқдори 60 сомонӣ дода мешавад. Ҳоло мо ба курси омӯзишии нав, яъне даъвати тирамоҳии даъватшавандаҳо тайёрӣ дида истодаем,- иброз дошт Қ.Файзализода, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон. Ҷавонони сарбаланду ватандӯсти тоҷик дар ҷавоби ин ғамхориҳо ба Ватан содиқона хизмат карда, барои мудофиаи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо зиракию далерӣ ва мардонагӣ омодаанд. Ҳар яки онҳо ватанамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба наслҳои оянда як кишвари ободу зебо, пурқуввату мутараққӣ ба мерос хоҳанд гузошт.

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода