Дар як сатр
» » То 35-солаҳо ба ҳаҷ намераванд?

То 35-солаҳо ба ҳаҷ намераванд?

13-04-2015, 13:55

То 35-солаҳо ба ҳаҷ намераванд?Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, ба хотири эҳтироми бузургсолон, ки синнашон аллакай ба ҷое расидааст ва тавону орзуи адои зиёрати хонаи Худоро доранд, тасмим гирифта шудааст, ки минбаъд танҳо шаҳрвандони аз 35-сола боло ҳуқуқи сафар ба ҳаҷро хоҳанд дошт.

Ба қавли мақомот, «тайи чанд сол аст, ки ҷониби Арабистони Саудӣ ба хотири бозсозии атрофи хонаи Худо 20 фоизи ҳиссаи ҳаҷравандагони кишварҳои мусулмониро ихтисор намудааст.

Абдуҷалол Ализода, мудири шуъбаи ҳаҷҷи Кумитаи дин, дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки маҳрум шудани то 35-солаҳо аз ҳаққи адои сафари ҳаҷ ба масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ҳеҷ рабт надошта, балки роҳ кушодан ба сафари одамонест, ки «синнашон ба ҷое расида», аммо навбаташон дер меояд.

- Нафароне, ки синнашон хеле болост, бисёр дар навбат мондаанд ва ба ҳамин хотир, ин тасмимро гирифтем, ки бигзор пирони 70-80-сола зудтар раванд ва дар ормон намонда, фарзи исломро ба ҷо оранд, - афзуд А. Ализода.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯст хуни ҷигарам мекунад

Дӯст хуни ҷигарам мекунад

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ҷаримаи 6 ҳофизи тӯйгард

Ҷаримаи 6 ҳофизи тӯйгард

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа: Ташвиш аз ҷудошавии оилаҳо ва беаҳамиятии волидон

Қӯрғонтеппа: Ташвиш аз ҷудошавии оилаҳо ва беаҳамиятии волидон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш