Дар як сатр
» » Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малах

Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малах

13-04-2015, 18:36

Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малах

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Оқгазаи ҷамоати шаҳраки «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Бохтар семинар-машаварат «Оид ба ташкили роҳҳои мубориза бар зидди малах» доир гардид.

Дар чорабинӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокиров, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони идораҳои кишоварзӣ, роҳбарони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ширкат доштанд. Дар қисми амалии чорабинӣ оид ба омода намудани маҳлул ва истифодаи дурусти заҳрдору бар зидди малах сармутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии мубориза бар зидди малахи вилоят Исмоил Мирзоев маълумот дод.

Дар қисми амалӣ ҳозирин инчунин ба мавзеъҳое, ки ҷойи пайдоиши малахро бо байрақчаҳо ишора намуда буданд, рафта бо тарзи истифодаи дурусти заҳрдоруҳо ошно гардиданд. Чуноне, ки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, пайдоиш ва паҳншавии малах на танҳо ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо, инчунин ба тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар зарари ҷуброннопазир мерасонад. Бинобар ин барои ҳимоя аз ин офати табиӣ муассисаҳои махсуси муҷаҳҳаз бо тамоми намуди техника ва маводи зарурӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва зараррасонҳои хатарнок амал мекунанд, ки маблағгузории онҳо асосан аз буҷети давлат сурат мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2003 майдонҳои паҳнгаштаи малах дар 12 шаҳру ноҳия ба қайд гирифта шуда буд. Масоҳати умумии паҳншавии малах 57880 гектарро ташкил медод, ки аз онҳо ҳамагӣ дар майдони 14900 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Ироаи 9 миллион сомонӣ барои маҳви малахАз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Ҷалолиддини Румӣ, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Бохтар, Вахш, Ҷиликӯл низ паҳншавӣ ва хуруҷи малах ба назар расида, ҳамасола ба хоҷагии қишлоқ зиёни ҷиддӣ мерасонад. Танҳо дар соли 2007-ум дар ҷумҳурӣ 36041 гектар заминҳои пахта, ғалла, боғ, токзор, сабзавоту зироатҳои хӯроки чорво ва чарогоҳҳо аз ҳуҷуми малах нобуд шуданд.

Вазъияти ба амаломадаро ба инобат гирифта, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии мубориза бар зидди малах таъсис дода шуд. «Аз ҷониби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои хариди заҳрхимикат ва дорупошакҳои дастӣ маблағ ҷудо мегардид», - ироа гардид дар ҷамъомад.

Дар соли 2010-ум дар миқёси ҷумҳурӣ дар майдони 81724 гектар коркарди кимиёвӣ гузарониданд. Ҳукумати кишвар барои коҳиш додани паҳншавии малах дар ҳудуди ҷумҳурӣ Барномаи давлатии мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015-ро қабул намуд. Иҷрои он бар дӯши Корхонаи воҳиди давлатии мубориза бар зидди малах вогузор карда шуд. Ин буд, ки дар чорабинӣ масъули корхонаи мазкур Қ. Ғаниев доир ба мақсаду вазифаҳои амалигардидаи барнома ибрози назар намуд. Мавсуф зикр намуд, ки як малах метавонад дар мавсими тухмгузорӣ беш аз сад малахро афзун гардонад. Ва паҳншавии малах ҳамасола ба садҳо ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ зиёни ҷиддӣ ворид месозад. Ҳамчунин вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокиров доир ба иҷрои барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ёдовар гардида, иброз дошт, ки 9 миллион сомонӣ маблағ дар давоми 5 сол барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах, таъминоти сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, техника ва таҷҳизот ҷудо гардида, мавриди истифода қарор дорад.

Ҳамчунин миёни иштирокчиён ва мутахассисон суолу посухҳо ба амал омад. Кори семинар-машварат бо расонидани дастуру супоришҳо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мубориза бар зидди малах  кори дастаҷамъона аст

Мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъона аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намое ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, АСАЛМО САФАРОВА
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Омодагӣ ба зимистон хуб нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА