Дар як сатр
» » Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

14-04-2015, 13:02

Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нестАзим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон, зимни сафари дурӯзаи корӣ ба гурӯҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ аз наздик ошно гардид.

Аз ҷумла Азим Иброҳим бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии «Султони Кабир» дар ноҳияи Восеъ, комбинати шири шаҳри Кӯлоб, корхонаи коркарди сабзавоту мева ва корхонаи парандапарварии ноҳияи Муъминобод, корхонаи нассоҷии «Адолат», комбинати консерви ноҳияи Фархор ва ҳамчунин корхонаи масолеҳи сохтмони ноҳияи Ҳамадонӣ шинос шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои сафар Азим Иброҳим дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки раисони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб, соҳибкорони маҳаллӣ, иқтисодчиён ва намояндагони корхонаҳои зертобеи вазорату идораҳои дахлдори кишвар машварати корӣ баргузор намуд.

Зимни ин ҷаласа зикр шуд, ки имконоти саноатии Хатлон фаровон аст, вале имрӯз аз он самарабахш истифода намешавад. Бо вуҷуди ин ҳам дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ корхонаву ташкилотҳои вилоят ба маблағи умумии 984 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 200 миллион сомонӣ зиёдтар аст. Дар ин давра 11 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст.

Таъкид шуд, ки дар соҳаи саноати вилоят стратегияи мушаххаси рушд вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, он қаноатбахш нест. Масалан, давоми се моҳи аввали имсол 10 корхонаи Кӯлоб умуман ба фаъолият напардохта, 14-тоашон мавсимӣ мебошанд ва ҳарчанд корхонаҳои боқимонда ба маблағи 32 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаву ин рақам нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта зиёд бошад ҳам, бо ин набояд хотирҷамъ шуд, зеро аз имконоти зиёде истифода нашудааст.

Дар машварат аз фаъолияти комплекси саноатӣ ва аграрии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қисман натиҷагирӣ шуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда дастуру вазифаҳои мушаххас дода шуданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нигаронии муовини Сарвазир

Нигаронии муовини Сарвазир

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳамадонӣ. Афзоиши тавлидоти саноатӣ

Ҳамадонӣ. Афзоиши тавлидоти саноатӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА