Дар як сатр
» » Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

10-04-2015, 18:23

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсияНимаи дуюми имрӯз, 10 апрел, дар маркази вилоят – шаҳри Қӯрғонтеппа нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятӣ қабл аз ҳама мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо ва демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Дар чорабинии мазкур дар баробари аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҳамоҳангсози миллӣ оид ба лоиҳаи ислоҳоти милитсия аз ВКД Алӣ Бобоназарзода, афсари миллӣ оид ба алоқа миёни барномаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадӣ Ҳайдаров ва афсари миллӣ оид ба лоиҳаи мазкур Фирдавс Одинаев ширкат доштанд.

Иштирокдорони ҷаласа рӯйхати ҳайати Шӯрои ҷамъиятиро қабул ва тасдиқ намуда, ҳамчунин раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ва муовини ӯро интихоб карданд. Бо раъйи умум раиси Шӯро Лоҳутӣ Шоназаров ва ҷонишини раиси Шӯро сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Асалмо Сафарова интихоб шуданд. Ҳамчунин ҳуқуқшиноси собиқадор Бобоқул Назаров роҳбари гурӯҳи корӣ интихоб гардид.

Тибқи Ёддошти тафоҳум Барномаи ислоҳоти милитсия бояд аз лоиҳаҳои алоҳидаи якдигарро илова мекардагӣ иборат буда, ҳар яки он бояд мустақилона амалӣ гардад. Миқёс, давомнокӣ, муҳлати иҷроиш ва буҷаи ҳар як лоиҳаи алоҳида бояд аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон баҳогузорӣ шуда, мутобиқи тартиби пешбинишудаи Ёддошти тафоҳум мувофиқа гардад. Барномаи ислоҳоти милитсия рушди васеи молиявӣ ва стратегиро дар бар мегирад, ки он талаботи ислоҳоти умумии системаи ҳифзи ҳуқуқро қонеъ хоҳад кард.

ВАХШОНА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо