Дар як сатр
» » Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

10-04-2015, 13:27

Аз рӯзи 7 то 10-уми апрел дар шаҳри Уфаи Русия аз ҷониби кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират (ФМС) дар манзилҳои иҷора ва сохтмонҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагӣ ва кор мекунанд, амалиёти муштарак гузашта истодааст.

Ихроҷи 3 муҳоҷир аз Уфаи Русия

Ба гуфтаи Давлатбек Шарифов, сокини ноҳияи Вахш, рӯзи 7-ми апрел аз ҷойи кори ӯ 3 нафар муҳоҷирони тоҷиконро кормандони ФМС-и Русия дастгир намуда, онҳоро ба андозаи 15 ҳазор рубли русӣ ҷарима ва аз ҳаққи будубош дар қаламрави Русия ба муҳлати 3 сол маҳрум намуданд.

- Қисмати зиёди дигар коргарон тавонистанд аз болои деворҳои атрофи маҳалли сохтмоне, ки кор мекунанд, гурехта раванд ва то анҷом ёфтани ин амалиёт аз хонаҳояшон берун нахоҳанд шуд, - зикр кард Д. Шарифов.

Бояд гуфт, ки бо қабули қонунҳои нави танзимкунандаи муҳоҷирати корӣ дар Русия ба иддаои коршиносон, тайи чор моҳи охир вазъи будубоши муҳоҷирон бадтар шуда, як қисми онҳо ночор дар ҳоли ғайриқонунӣ дар сохтмонхо фаъолият намуда истодаанд ва пуле надоранд, ки ҳуҷҷатҳои худро дуруст кунанд. Ба ин хотир, аз ҷониби кормандони ФМС дастгир, ҷаримабандӣ ва ихроҷ мешаванд.

Чанд муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Уфа иттилоъ доданд, ки барои гирифтани патент ва санади иқомати муваққатӣ ҳар яке то 50 ҳазор рубли русӣ маблағ супоридаанд, вале натавонистанд, ки саривақт ҳуҷатҳои худро дастрас кунанд.

- Пули мо сӯхт, акнун мо бояд дар муддати 10 рӯз ин кишварро тарк кунем, - гуфт яке аз муҳоҷирони тоҷик. - Чӣ кор карданамонро намедонем. Дар болои ин қадар ғам боз дар ҷойи корамон баъзе шаҳрвандони Русия таъна мезананд, ки шумо солҳои пеш дасти холӣ ба Ватани мо омада будед ва акнун рӯзе фаро мерасад, ки дасти холи аз ин кишвар баромада меравед.

Имрӯзҳо барои гирифтани патент ва ё дигар аснод муҳоҷирони тоҷик хеле танқисӣ кашида, пули зиёд масраф мекунанд, вале қисми зиёди онҳо наметавонанд ҳуҷҷатҳои худро дасрас кунанд. Ба хотири он, ки дар назди ҳама ҷойҳои имтиҳонсупорӣ "миёнаравҳо" истода, пули корафтодагонро гирифта ваъдаҳои бардурӯғ медиҳанд, ки "ҳамааш 100% мешавад!", вале, мутаассифона, вақте бо даҳҳо ҳамватанонамон рӯбарӯ мешавем, онҳо шикоят мекунанд, ки аз дасти чунин "мушкилосонкункасон" сарсону саргардон шудаанд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХУҶАЕВ,
махсус барои "Хатлон" аз шаҳри Уфаи Русия


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бо кӯмаки «Хатлон» мушкил ҳал шуд! Маошро гирифтанду идона фиристоданд

Бо кӯмаки «Хатлон» мушкил ҳал шуд! Маошро гирифтанду идона фиристоданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик

Оворагии 60 муҳоҷири тоҷик

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш
Тасвиби қонуни нави марбут ба муҳоҷирони корӣ дар Русия

Тасвиби қонуни нави марбут ба муҳоҷирони корӣ дар Русия

Хабарҳо