Дар як сатр
» » 11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

30-07-2018, 11:29

Баҳри иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон «Оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар мавсими ҷамъоварӣ, нигоҳ дош-тан ва захираи зироатҳои ғалладона, хошоки дурушт» ва бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани маъракаи муҳими ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ аз тарафи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон баҳри пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ҳангоми ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ ва хошоки чорво дар ассотсиатсияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолии идораи кишоварзии вилоят нақшаи муштарак тартиб дода шуд.

Аз ин рӯ, дар мавзеи «Баҳористон» (Олимтой)-и ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон, муовини соҳавии раиси вилояти Хатлон семинар - машварат оид ба риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми ҷамъоварӣ ва кашонидани зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки дурушти чорво гузаронида шуда, аз шахсони мутасаддӣ талаб карда шуд, ки дар мавсими ҷамъоварии зироатҳои ғалладона ва хошоки дурушт талаботи одитарини бехатарӣ аз сӯхтор риоя карда шавад.

Бино ба иттилои Садриддинхон Султонов, сардори РХДО вилояти Хатлон, оид ба чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор суҳбату дастурҳо гузаронида шуда, корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ дар ин самт идома дорад.

Рӯзи 23-уми июни соли равон  дар заминҳои даравидашудаи ғаллаи мавзеи деҳаи «Ғаллазор»-и ноҳияи Восеъ сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷа, заминҳои хоҷагии деҳқонии «Сафар-2004» 4 гектар, «Самар» 4 гектар,  замин хисорот дид. Ҳангоми гузариши сӯхтор ба заминҳои мавзеи деҳаи «Сартез»-и ноҳияи Темурмалик, дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ғайрат»  4 гектар, «Тағоев Мизроб»  4 гектар, «Бахтиёр»  7 гектар, «Ҳалимҷон»  6 гектар ба коми оташ фурӯъ меравад. Санҷишҳои кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон муайян намуд, ки сабаби сар задани сӯхтор афтидани шарораи оташ ҳангоми часпидани динами муҳаррики комбайни гандумдаравӣ мебошад.

Масъулони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон зарари сӯхторро дар ноҳияи Восеъ 4 ҳазор сомонӣ ва дар ноҳияи Темуралик 7 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мекунанд.

Эҳтиёткориву муҳофизати дилсӯзонаи ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи марди деҳқон кафили пурии дастархон ва рӯсурхии аҳли ҳар хонадон мебошад.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ
14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду сӯхтор дар як рӯз

Ду сӯхтор дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА