Дар як сатр
» » Кӯлоб. Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

Кӯлоб. Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

24-07-2018, 12:26

Дар Китобхонаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид.

Озмун бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию зебоипарастӣ гузаронида шуд.

Дар озмун мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Озар Зарифӣ, муовини декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Зафари Шариф ҳамчун аъзои ҳакамон иштирок доштанд.

Бино ба иттилои Саодат Абдуллоева, корманди Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ, дар озмун Қурбоналӣ Тӯраев, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рамзия Абдуллоева, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Данғара ва Робия Қодирова, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Кӯлоб ғолиби даври дуюм дониста шуданд.

Ғолибони даври дуюм дар даври ниҳоӣ, ки 3-4 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Раёсати фарҳанг рӯйхати комили ҳунармандони вилоятро тартиб дод

Раёсати фарҳанг рӯйхати комили ҳунармандони вилоятро тартиб дод

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо
Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи с ...

Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи с ...

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Даври якуми фестивали бадеҳахонӣ дар Кӯлоб

Даври якуми фестивали бадеҳахонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фестивали китоб то 9 апрел идома мекунад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА