Дар як сатр
» » Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ нест

27-07-2018, 09:08

Дар нишасти матбуотии Суди вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки дар нимаи аввали соли равон 2 ҳазору 814 парванда баррасӣ гардидааст.

Аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноя-тии Суди вилояти Хатлон 83 адад парванда баррасӣ гардида, нисбати 91 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шуд.

Инчунин, дар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 ҳазору 445 парвандаи ҷиноятӣ ворид гардида, аз он 1 ҳазору 169 адад парвандаҳо баррасӣ карда шудааст. Аз ин шумора нисбати 66 нафар ноболиғ ва 107 нафар зан мебошад. Аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ба маблағи умумии 7 миллиону 499 ҳазору 925 сомонӣ ҷазои ҷарима таъйин карда шуда, 3 миллиону 376 ҳазору 482 сомонӣ рӯёнида шудааст.

- Суди вилояти Хатлон 87 парвандаро оид ба ташкили фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) мавриди баррасӣ қарор дод, - зикр кард Р. Мирзозода, раиси Суди вилояти Хатлон. - Аз ин шумора 20 адади онҳо бо моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ба тариқи ғоибона баррасӣ карда шудааст.

Р. Мирзозода дар идомаи нишаст иттилоъ дод, ки 80 фоизи санадҳои судӣ, ки аз тарафи Суди вилоят қабул карда мешавад, шикоят ё эътироз мебошанд.

- Дар нимсолаи аввали соли равон дар Суди вилоят нисбати як нафар ҷазои якумра дода шуд. Ҳангоми розӣ набудани тарафи гунаҳкор қонун вазифадор менамояд, ки аз болои санадҳои Суди вилояти Хатлон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунад. Ба наздикӣ аз тарафи пайвондони он нафар шикоят шуд, боз дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қонунӣ будан ё набудани санади судиро Суди Олӣ баҳо медиҳад. Суд меомӯзад шикоятро, вақте ки ҳукм бетағйир мемонад, аллакай мо гуфта метавонем, ки қарори қабулнамудаи мо қонунӣ аст. Ин ҳамааш барои маҳдуд нашудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст, - афзуд Р. Мирзозода. 

Раиси Суди вилояти Хатлон мегӯяд, ки оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ин нуқтаи ҳанӯз ниҳоӣ набуда, нуқтаи охирро суд мегузорад. Дар ин давра аз тарафи Суди вилояти Хатлон ҳамагӣ як парванда сафед шудааст. Суд дар марҳилаи аввал дидааст, ки дар ҳаракатҳои вай умуман ҷиноят нест, судшавандаро сафед кардааст.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зӯроварӣ дар оила ҷавобгарӣ дорад

Хабарҳо
85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

Ҳуқуқу амният
295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

295 ҳазору 986 сомонӣ зарар рӯёнида мешавад

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР