Дар як сатр
» » 1,7 миллион сомонӣ - қарзи маоши кормандони «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ»

1,7 миллион сомонӣ - қарзи маоши кормандони «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ»

26-07-2018, 11:04

Маъмурияти ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» дар назди кормандони худ ба маблағи умумии 1 миллиону 759 ҳазору 780 сомонӣ аз пардохти маош қарздор будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи умумии кормандони ин корхона 1323 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора дар нишасти матбуотии роҳбарияти «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» хабар дода шуд.

Зикр гардид, ки яке аз сабабҳои афзудани қарзи маоши кормандон саривақт ҳаққи истифодаи барқро пардохт накардани шаҳрвандон ва корхонаҳои саноатӣ мебошад. «Дар ин давра ба 87 корхона барои қарздорӣ иддао пешниҳод карда шуд. Дар асоси талаботи даъвогӣ ба суратҳисоби корхона 752 ҳазору 339 сомонӣ ворид гашт. Нисбати шаш корхонаи қарздор ба маблағи қарзи умумӣ 2 миллиону 398 ҳазору 936,36 сомонӣ маводҳо барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шуд. Дар суди иқтисодии вилоят маводҳо нисбати 3 корхонаи қарздор ба маблағи 1 миллиону 627 ҳазору 970 сомонӣ баррасӣ шуда, ба манфиати «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» ҳал гардидаанд», - хабар дод сармуҳандиси корхона Ш. Бояков.

Қарзи дебитории умумӣ аз истифодаи барқ то 1 июни соли 2018 ба зиёда аз 201 миллиону 565 ҳазору 320 сомонӣ расидааст. Аз он ҷумла, корхонаҳои саноатӣ 11 миллиону 27 ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои пахтакор қариб 94 миллион сомонӣ, хоҷагиҳои оби минтақа 21 миллион сомонӣ, хоҷагиҳои коммуналӣ 2,5 миллион сомонӣ ва аҳолӣ 56,5 миллион сомонӣ қарздор будаанд.

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ШБҶ»: Хоҷагиҳои пахтакор 59 миллион сомонӣ қарздоранд»

«ШБҶ»: Хоҷагиҳои пахтакор 59 миллион сомонӣ қарздоранд»

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Муъминобод. 69,3%-и буҷет барои маош

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Афзоиши шумораи қарздорон

Афзоиши шумораи қарздорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо