Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » «Хатлон»-мактаби камолоти рӯзноманигорони ҷавон


«Хатлон»-мактаби камолоти рӯзноманигорони ҷавон


Албатта, ман наметавонам баҳо диҳам, ки рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар аҳди Шӯравӣ чӣ гуна буд. Вале дар бораи фаъолияти имрӯзаи рӯзнома гуфта метавонам.

Қайд кардан ба маврид аст, ки рӯзнома ихтирооти бузурги башарӣ мебошад, ки м а р д у м р о бо иттилоот, фарҳанг, расму оинҳои ин ё он маҳал ошно месозад. Ҳарчанд дар замони ҳозира ҷойи рӯзномаро воситаҳои электронӣ ва интернет танг карда истодаанд, аммо ҷойгоҳи рӯзномаи чопӣ дигар аст. Вақте ки рӯзнома мегӯем, албатта, дар мадди назари мо ҳар рӯз ё ҳадди ақал дар як ҳафта ду-се маротиба чоп мешавад, ҳамин намудор мешавад. Дар ҳамин росто, рӯзномаи “Хатлон” аз дигар расонаҳои вилоят пешқадамтар аст. Боиси зикр аст, ки дар рӯзнома пешравиҳои назаррас дида мешавад. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай саҳифаҳои худро дорад. Яке аз иқдомҳои наҷиби кормандони рӯзнома ҷо кардани сабтҳои видеоӣ дар интернет аст. Хонанда метавонад ҳам мақолаҳоро гирифта хонад ва ҳам нашри видеоии онро тамошо кунад, ки ин дар арафаи 90-солагии чопи рӯзнома қадами ҷиддӣ ва фараҳбахш аст. Гуфтан мумкин аст, ки кори рӯзномаи “Хатлон” аз дигар рӯзномаҳо фарқ мекунад. Албатта, дар пешрафти кори ин нашрия саҳми сармуҳаррири собиқ Асалмо Сафарзода ва сармуҳаррири феълии рӯзнома Носирҷон Маъмурзода хеле бузург аст. Ба эшон барори кор ва муваффақият таманно дорам. Гуфтанӣ ҳастам, ки дигар рӯзноманигорон метавонанд дар фаъолияти худ аз кори ин рӯзнома пайравӣ кунанд. Махсусан рӯзноманигорони нашрияҳои шаҳриву ноҳиявии вилояти Хатлон. Ҳамаи кормандони рӯзномаи «Хатлон»- ро ба ин санаи таърихӣ - 90-солагии таъсиси он самимона шодбош гуфта, барояшон саодати умр ва бозёфтҳои навини эҷодӣ таманно дорам.

Озар Салим, Шоири халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода