Дар як сатр
» » М. Шодиён: «иттиҳомоти пойгоҳи «Диссернет» асоснок нест»

М. Шодиён: «иттиҳомоти пойгоҳи «Диссернет» асоснок нест»

25-07-2018, 11:00

Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ бунёди бинои нави маъмурии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав оғоз мегардад. Аллакай масъалаҳои санаднигорӣ вобаста ба заминҷо, лоиҳакашӣ ва умури омодагӣ ба анҷом расидааст.

Муҳаммад Шодиён, ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав, зимни тасдиқи ин хабар дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки бинои мазкур аз 11 ошёна ва масоҳаташ аз қариб се гектар иборат хоҳад буд. Профессор Шодиён дар идомаи суханаш хабар дод, ки тайи чаҳор соли сипаришуда пойгоҳи таълимии ДДҚ ба номи Носири Хусрав аз ҳисоби бунёди якчанд бинои наву хуштарҳи таълимӣ ду маротиба васеъ гардид.

- Соли 2018-ро маъмурияти донишгоҳ Соли сифати таҳсилот эълон кардааст, - зикр кард М. Шодиён. – Дар нимаи якуми имсол дастовардҳои илмӣ ва таълимии мо назаррас буданд. 8 нафар унвонҷӯёни донишгоҳ ба дифои рисолаҳои номзадии худ муваффақ гардиданд ва натиҷаҳои пажӯҳишҳои илмии онон дар истеҳсолот мавриди корбурд қарор гирифтаанд. Инчунин давомоти донишҷӯён 97-99%, дараҷаи азхудкунии дарсҳо қариб 100%-ро ташкил дод, ки натиҷаи бад нест. Дар маҷмӯъ, сифати таҳсилот 52 дарсад боло рафтааст.

Ректори ДДҚ ба номи Носири Хусрав дар робита ба саволи хабарнигорон оид ба иттиҳомоти пойгоҳи интернетии «Диссернет», ки аз ҷумла якчанд устоди ин донишгоҳро ба сирқат ё плагиат дар рисолаҳои илмиашон айбдор кардааст, гуфт, ки маълумоти ин пойгоҳ шубҳабарангез буда, набояд ҷиддӣ гирифта шавад. «Пойгоҳи «Диссернет», то ҷое медонем, марбут ба ягон пажӯҳишгоҳи илмии давлатӣ, ё Комиссияи олии аттестатсионӣ (ВАК)-и Россия нест. Тарзи ташхису санҷиши корҳои илмӣ норавшан мебошад. Фикр мекунам, ки ин чандон аҳамият надорад. Бо вуҷуди ин, онҳое, ки ба таҳқиқотҳои илмӣ машғуланд, бояд талош кунанд, ки нафаре онҳоро дар плагиат муттаҳам карда натавонад», - гуфт М. Шодиён.

Дар робита ба ин мавзӯъ ҳамчунин хабар дода шуд, ки донишгоҳ бо сарфи 25 ҳазор сомонӣ барномаи махсуси «антиплагиат»-ро ба даст овардааст ва минбаъд солона ташхиси то ду ҳазор мақолаи илмӣ ва диссертатсияҳо дар худи ДДҚ имконпазир хоҳад буд. Ин тасмим ҳам ба хотири пешгирӣ аз асардуздӣ ва боло бурдани сифати таълифоти илмӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар нишасти матбуотии раёсати донишгоҳ ҳамчунин зикр гардид, ки шумораи донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ ба 30 нафар расида, барои таҳсил дар соли нави хониш 100 ҷавони дигар аз кишварҳои Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Русия ва ғайра ариза пешниҳод кардаанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ бошад, имрӯз ба беш аз 15 ҳазор нафар расида, онҳо дар 12 факулта таҳсил мекунанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ

Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АМОН МАҲКАМОВ
Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА