Дар як сатр
» » Июл - моҳи тренингҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Июл - моҳи тренингҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

27-07-2018, 16:26

Қисмати аъзами марҳилаи нуҳуми татбиқи Лоиҳа оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила (PDV) дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо дастгирии молиявии ҳукумати Швейтсария амалӣ мешавад, чорабиниҳои бахшида ба таҳкими зарфиятҳои тамоми мақомоти ба мубориза алайҳи хушунати оилавӣ ҷалбшуда – мутахассисону намояндагони сохторҳои давлатии татбиқкунандаи Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ташкил медиҳанд.

Моҳи июли соли ҷорӣ дар ҳамдастӣ бо ВКД, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон силсилаи тренингу семинарҳо барои мутахассисони воҳидҳои сохтории ин ниҳодҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардиданд.

Аз он ҷумла, рӯзҳои 2-4 июл дар бинои Академияи ВКД-и пойтахти мамлакат тренинги омодасозии тренерон оид ба аксуламали кормандони милитсия ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила доир шуд. Иштирокдорони омӯзиш бо усулҳои пешгирӣ ва аксуламал ба ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ, инчунин додани амрномаи ҳимоявӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» шинос шуданд.

6 июл дар шаҳри Бохтар барои ҳуқуқшиносони марказҳои захиравӣ-иттилоотӣ-машваратии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила: аз назария ба амалия» тренинг гузаронида шуд. Дар ин омӯзиш намояндагони 18 марказ (аз ҷамъи 26 марказ) ширкат варзиданд. Дар ҷараёни тренинг муқаррароти Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ҷанбаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба зарардидагон аз хушунати оилавӣ ва ҷалби мутахассисони дигар ба ҳалли мушкилоти ҷабрдидаҳои зӯроварӣ дар оила мавриди омӯзиш қарор гирифт.

6-7 июл дар шаҳри Душанбе тренинг оид ба омодасозии тренерон аз ҳисоби кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар ҷараёни он кормандони кумита дар бораи сабабу пайомадҳои хушунати хонаводагӣ, инчунин ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳифзи оила ва роҳ надодан ба зӯроварию табъиз маълумот гирифтанд.

Аз 16 то 21 июл дар Хуҷанд, Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан, Зафаробод ва Гулистон силсилаи омӯзишҳо оид ба такмили маҳорати касбии ходимони ВКД бо иштироки намояндагони тамоми навоҳии вилояти Суғд гузаронида шуд. Ҳадафи аслии ин омӯзишҳо боло бурдани сатҳи огоҳии гендерии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидат ба инкишофи малакаи расонидани кумаки аввалия ба зарардидагон аз зӯроварӣ дар оила мебошад. Дар ҳамин давра кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд низ аз тренинги такмили ихтисос гузаштанд, ки ба омӯзишу баррасии масъалаҳои зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он бахшида шуда буд.

18 июл дар Хуҷанд семинар дар мавзӯи «Ташкили ҳамкории байниидоравӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила» барои кормандони воҳидҳои сохтории Кумитаи кор бо занон ва оила дар навоҳии вилояти Суғд доир гардид. Дар ин чорабинӣ стратегия оид ба ҳамоҳангсозии тағйирот дар муносибати аҳолӣ ба масъалаи хушунати хонаводагӣ ва татбиқи ин санад дар солҳои наз-дик баррасӣ шуд.

Аз 9 то 21 июли соли 2018 дар шаҳри Хоруғ низ барои кормандони иҷтимоӣ ва тиббии шаҳру навоҳии ВМКБ тренингҳо барпо гардиданд, ки дар ҷараёни он ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба зӯроварӣ дар оила ва таъсири он ба вазъи саломатии аҳолӣ, нақши корманди тиббӣ дар пешгирӣ ва аксуламал ба хушунат мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи хос ба масъалаи муносибат бо муроҷиаткунандагони зарардида аз  зӯроварӣ  дар оила ва дар навбати аввал ба инобат гирифтани манфиати онҳо, ки ба риояи ҳуқуқи инсон асос меёбад, дода шуд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Силсилаи омӯзишҳо барои кормандони миёнаи тиб

Силсилаи омӯзишҳо барои кормандони миёнаи тиб

Тандурустӣ ва экология
Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар оила

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА