Дар як сатр
» » Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

18-07-2018, 08:24

Дар Ҷамоати деҳоти "Қумсангир”-и ноҳияи  Ҷайҳун  имрӯзҳо сохтмони якчанд иншооти таъиноташон гуногун бо дастгирии мардуми маҳаллӣ оғоз гардида, масъулин кӯшиш доранд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор диҳанд. 

Сохтмони 10 синфхонаи  иловагӣ бо тарҳи замонавӣ барои 640 нафар хонанда дар ҳаҷми 32 ҳазор сомонӣ  ва азнавсозии кӯпруки мошингузари Ҷамоати деҳоти "Қумсангир” ба маркази ноҳия бо маблағи 18 ҳазор сомонӣ  аз ҷумлаи он иншоотҳое мебошанд, ки айни ҳол корҳои созандагиаш бо маром идома дорад. Ҳамчунин бинои кӯдакистон барои беш аз 50 нафар дар ҷамоат тавассути ҳашари дастаҷамъонаи сокинон аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

-Воқеан, мардуми маҳалла имрӯзҳо дарк намудаанд, ки бунёду ободкориҳо дар минтақа, пеш аз ҳама, ба нафъи худи онҳо ва фарзандонашон мебошад,- мегӯяд муовини раиси Ҷамоати деҳоти "Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун  Зоир Идиев. - Аз ин рӯ, имрӯзҳо онҳо дастуру супоришҳои  Президенти кишварро сармашқи кори худ қарор дода, ният доранд, ки боз роҳи мошингарди деҳаро бо кӯмаки соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш намоянд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 14 миллион сомонӣ барои  cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Беш аз 14 миллион сомонӣ барои cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Тандурустӣ ва экология
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ