Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Хумори бӯсидани як каф хоки Ватан...


Хумори бӯсидани як каф хоки Ватан...


Ҷанги шаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъпайваста ба ҳукми таърих гузаштаю дар хотираҳо боқӣ мондааст. Борҳо аз дарди халқи ҷабрдидаву бенаво, бехонаву дар, бепушту паноҳ ва гуруснаву ташна гуфтему навиштем. Ин бор дар бораи сарнавишти модари фарзандгумкардае, ки даҳшатҳои ҷангу азоби ғурбатро дида, аммо шукронаи сулҳу суботи сартосарӣ мекунад, нақл мекунем.

Барои Салтанат Каримоваи 75-сола, сокини деҳаи Чӯянчии ноҳияи Шаҳритус, ба хотир овардани рӯзҳои сиёҳ мушкил аст. Чун дар пеши чашмонаш чандин нафарро куштаву зинда ба гӯр кардаанд. Ҳар боре, ки сухан аз давраи ҷанги шаҳрвандӣ меравад, аз чашмони холаи Салтанат беихтиёр ашки ҳасрату сӯзон мерезад. Зеро дар давраи ҷанги мудҳиши солҳои 90-ум 3 писари пурорзуяшро аз даст додааст. Чи қадар сангин аст 3 ҷигарбанди аз сад гул як гулашон нашукуфтаро ба дасти аҷали маҷбурӣ додан... 

ЗИНДАГӢ ДАР ХОКИ АФҒОНИСТОН 

Фишорҳои ҳамарӯзаи неруҳои мухолифин оилаи Салтанатро маҷбур сохт ба кишвари исломии Афғонистон паноҳ ҷӯянд. Албатта, онҳо намехостанд, ки аз зодгоҳи биҳиштосои хеш ба дигар кишварҳо фирор кунанд, чи илоҷ, вазъияти вақт инро талаб мекард. -Ман бо шавҳарам Сарабек ва духтарам Махфират аз ноҳияи Шаҳритус ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон-ба ҷойи амн гуреза шуда рафтем. Аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи гурезаҳои тоҷикро дар хаймаҳо ҷой карда, бо хӯрду хӯрок таъмин карданд. Муддати 7-8 моҳе, ки дар он ҷо будем, фикру хаёламон ҳамеша ба Тоҷикистон буд. Шабу рӯз дуо мекардем, ки Тоҷикистони азиз мисли пештара тинҷу амн бошаду зудтар ба зодгоҳи аслии хеш баргардем,-бо ҳасрат нақл мекунад холаи Салтанат. Ягона орзуи холаи Салтанат ин буд, ки ба дидори фарзандони парокандагаштаи хеш расад. Аммо ҳангоми дар Афғонистон будан хабари шумро шунида, дунё барояш тангу тор гашт. Писари хурдии ӯ Идибеки 14-сола ҳангоми барои ба падару модар маводи ғизоӣ бурдан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба дасти мухолифин афтода, аз тарафи қотилони наҳзатӣ ба қатл расонида шуд. Қалби модари бечора мубталои дард гардид ва то имрӯз аз он нишона мондааст. Дар давлати бегона ба ёди ҷигарбандону ватан хун мегирист. Ӯ ҳатто дар ҷанозаи писари ҷигарбандаш иштирок карда натавонист. Идибеки марҳумро дар қатори дигар фавтидагон дар як ҷой ба хок супурда буданд. Модар хотима ёфтани ҷангро интизор мешуду ба дидори фарзандон расиданро орзу мекард. Ин модари ошуфтаҳол дар ҳасрати фарзандон дарун-дарун месӯхт. 

ДАЪВАТИ ГУРЕЗАҲО БА ВАТАН

 Ҳамон шабу рӯзҳо тариқи радиои Тоҷикистон аз барномаи “Хоки Ватан” даъвати Сарвари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қалбу ҷони тамоми гурезаҳо ҷон бахшид. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин гуфта буд: “Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед. Сарзамини меҳмоннавози афғон барои шумо нишемангоҳ аст, аммо замини хуни нофрехтаи шумо ин ҷост... Халқи азизам, Тоҷикистон шуморо интизор аст!”. Баъди шунидани ин хабари ҷонбахш, холаи Салтанат рахти сафари Ватан баст. Ҷониби Тоҷикистони азиз мешитофту аз дидагонаш ашки шодӣ мерехт. Ӯро хумори бӯсидани як каф хоки Ватан, дидори ақрабону наздикон, суҳбати ёрони ҳамдам гирифта буд. -Ин рӯзу моҳро муддати тӯлонӣ бо ду чашми чор дар хайма мунтазир будам. Бовар доштам, ки баъд аз ҷудоӣ боз ба дидори ҳамдигар мерасем. Боз дар Ватан ҳама якҷо сари як дастархон нишаста, ҳаёти навро ташкил мекунем. Рӯзи бозгашт ба Тоҷикистон холаи Салатанат писаронаш Собир ва Орифро надид. Дилаш тез-тез метапид. Метарсид, ки онҳоро ҳам аз даст додааст. Баъдан аз ҳамсояҳо фаҳмид, ки онҳоро як гурӯҳ силоҳбадастон бурда, дигар барнагардодданд. Ба гуфти онҳо, писарони холаи Салтанатро ба хок супурдаанд. - Баъди шунидани ин хабари шум гӯё осмон ба сарам чаппа гашта буд. Ҳамсояҳо дилбардорӣ мекарданду тасаллӣ медоданд. Вале ба ин гапҳо бовар намекардам. Ҳоло ҳам ба умеди онам, ки рӯзе аз дари хонаамон фарзандонам даромада мегӯянд: “Салом, модарҷон! Моро бубахшед, ки интизоратон кардем”. Ҳамин орзу дили маро ба ҳаёт гарм мекунад, ки рӯзе онҳо бозпас меоянд... Ҳоло холаи Салтанат дар хонаи фарзандонаш Руслан ва Давлатбек умр ба сар мебарад. Ду сол қабл пайвандгари ҳаёташро аз даст додааст. Ин рӯзҳо барояш хеле гарону вазнин аст. Фарзандаш Руслан дар кишвари Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Писари дигараш Давлатбек бошад, дар назди модари ғамгусораш монда, ба корҳои саҳроӣ машғул мебошад. Қаҳрамони мо дар охири суҳбаташ бо шукргузорӣ аз амалҳои неку шоистаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, орзуи ҳамешагии сулҳи абадиро мекунад. -Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ҳоло дар Ватан умр ба сар мебарем. Ӯ буд, ки сулҳи тоҷикон дубора пойдор ва мустаҳкам гардид. Ӯ буд, ки яке аз кишварҳои ҷангзадаро ба кишвари ободу зебо ва сабз табдил дод. Таҳсину офарин, ба Эмомалӣ Раҳмон! Худо умри дарози Саъдиёнаро насибаш гардонад,-бо ана ҳамин як каф дуо холаи Салтанат моро бо хушнудӣ гуселонид. 

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”, Бохтар-Шаҳритус-Бохтар, нашри №37-и рӯзнома

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода