Дар як сатр
» » Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

Намоиши маҳсулоти 50 корхонаи Хатлон дар Термизи Ӯзбекистон

17-07-2018, 15:09

Дар шаҳри Термизи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ва Форуми тиҷоратии соҳибкорон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муштарак, ки 13-14 июл дар вилояти бо Хатлон ҳамсарҳади кишвари ҳамсоя барпо шуд, наздик ба 50 корхонаю ширкати истеҳсолӣ аз вилояти Хатлон молу маҳсулоти тавлидотии худро ба маъраз гузоштанд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи намошгоҳ-ярмаркаи молистеҳсолкунандагони вилояти Хатлон дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз ҷум-ла зикр кард, ки чорабинии мазкур, бешак, дар таҳкими дӯстии мардуми ду кишвар ва рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард. «Мо шоҳиди рӯйдодҳои таърихие будем, ки бо ташаббуси роҳбарони ҳар ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз якчанд дидбонгоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуданд. Инчунин ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ва қатораҳо дар масири Хошадӣ-Амузанг барқарор гардид. Ин тадбирҳо барои рушди минбаъдаи равобити иқтисодӣ ва пешрафти фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Сурхондарё имкониятҳои навро фароҳам меорад», - афзуд Р. Раҷабов.

Дар баробари маҳсулоти саноатию истеҳсолии корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба сокинони Сурхондарё инчунин намунаҳо аз маҳсулоти кишоварзии барзгарони хатлонӣ намоиш дода шуд.

Дар доираи сафари намояндагони корхонаҳои саноатию соҳибкорони хатлонӣ ба шаҳри Термизи Ӯзбекистон Бизнес-форуми соҳибкорони Хатлону Сурхондарё доир гардид. Дар ҳошияи форуми мазкур миёни доираҳои соҳибкории ду вилоят 12 созишнома ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки 5 -6 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар намоишгоҳи маҳсулоти молистеҳсолкунанда-гони вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон барпо шуда буд.

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳамкории соҳибкорони Хатлону Сурхондарё

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Гомели Белар ...

Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Гомели Белар ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон

Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Намоишгоҳи маҳсулоти Эрон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ