Дар як сатр
» » Ҷаласаи якуми комиссияи вилоятии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

Ҷаласаи якуми комиссияи вилоятии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ

24-07-2018, 12:04

Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи якуми комиссияи вилоятии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа аъзои комиссия – роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, инчунин муовинони якуми раисони шаҳру навоҳии вилоят ва масъулони шуъбаҳои омор ширкат доштанд. Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов таъкид кард, ки барӯйхатгирии навбатии аҳолии ҷумҳурӣ соли 2020 дар назар аст ва барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ин маъракаи муҳим бояд тамоми мақомоти дахлдори шаҳру навоҳии вилоят ҷиддан омодагӣ бинанд.

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Заррина Давлатзода зимни баромадаш зикр кард, ки на ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят номи кӯчаҳо, рақами хонаҳоро дар манзилҳои маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон ба тартиб даровардаанд, ҳол он ки ин кор яке аз шартҳои омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил мебошад. «Тибқи нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳои комиссияи мусоидати барӯйхатгирии аҳолии вилояти Хатлон мақомоти дахлдори давлатӣ дар маҳалҳо оид ба аниқ намудани номгӯи маҳалҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва сарҳадҳои он, тартиб додани нақшаи схематикии маҳалҳои шаҳрӣ, деҳаҳои калон ва харитаи маъмурии шаҳру ноҳияҳо корҳои заруриро анҷом диҳанд», - гуфт З. Давлатзода.

Инчунин, гузаронидани корҳои дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолие, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои маҳалҳои шаҳрӣ зиндагӣ мекунанд, баҳисобгирии мукаммали аҳолӣ дар дафтарҳои хоҷагиҳои аҳолии ҷамоатҳои деҳот низ дар нақшаи тадбирҳо пешбинӣ шудааст.

Дар ин ҷаласа масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак оид ба корҳои анҷомдодашуда ва рафти омодагӣ ба шумориши санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар шаҳри Норак (ин шаҳр ба ҳайси шаҳри пилотӣ ё таҷрибавӣ дар маъракаи омодагӣ ба шумориши аҳолӣ интихоб шудааст) маълумот доданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов таъкид намуд, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020» ҳанӯз 12 октябри соли 2015 ба имзо расидааст ва масъулонро мебояд ҳаматарафа барои анҷом додани ин маъракаи муҳим омода бошанд ва омори барӯйхатгириро тибқи талаботи муқарраршуда, мукаммал ва бенуқсон таҳия созанд.

 

Н. Мустафо,

«Хатлон» 


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Қ. Ҳакимзода: «Камбудиҳоро бартараф намоед!»

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Омодагӣ ба форуми соҳибкорони Тоҷикистон - «Хатлон-2016»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Омодагӣ ба таҷлили 24-солагии истиқлолият

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Анонс: 14-15 феврал ярмарка дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА