Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «дар вилоят 11 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд»

Д. Гулмаҳмадзода: «дар вилоят 11 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд»

25-07-2018, 10:36

Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, дар доираи нақшаи тадбирҳо ба муносибати таҷлили ҷашни ҳамагонии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тайи се соли оянда дар вилояти Хатлон наздик ба 3200 иншооти муҳимми иҷтимоӣ, маишӣ, саноатӣ ва фарҳангию варзишӣ бунёд хоҳад шуд.

Ин нукта дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ки бо иштироки даҳҳо намояндаи васоити ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шаҳри Бохтар сурат гирифт, баён гардид. Дар ин ҳамоиши хабарӣ раиси вилоят доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар зарфи 6 моҳи гузаштаи соли 2018 маълумот дода, аз сатҳи ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо доираи хабарнигорон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр кард, ки бо вуҷуди идома ёфтани таъсири буҳрони молиявии ҷаҳон ба иқтисодиёти кишвари мо, нимаи якуми соли 2018-ро тамоми фаъолон ва меҳнаткашони вилоят бо натиҷаҳои мусбат ва дастовардҳои хуби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷамъбаст намуданд.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нимаи якуми сол 6 миллиарду 641 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6% афзудааст. Дурнамои даромад ба буҷет низ дар ин давра беш аз 100 фисад иҷро гардид, ки 88,8%-и маблағҳои буҷетӣ (492 миллион сомонӣ) ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Дар нимсолаи гузашта фаъолияти бонкҳо низ, ба қавли раиси вилоят, андак ҷоннок гардид. Инро нишондиҳандаи ироаи қарзҳои бонкӣ, ки беш аз ним миллиард сомониро ташкил медиҳад, собит мекунад. Гуфта шуд, ки ҳаҷми маблағгузориҳои бонкӣ назар ба нимаи якуми соли гузашта ба қадри 47 миллион сомонӣ бештар аст. "Аммо барои аҳолии беш аз семиллионнафараи вилоятамон ҳанӯз ҳам ин миқдор маблағ нокофӣ мебошад ва бонкҳоро мебояд бо мардум дар ин самт ҳамкории бештареро роҳандозӣ намоянд”, - афзуд Д. Гулмаҳмадзода.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоятамон нимаи якуми соли ҷорӣ ба се миллиарду 605 миллион сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ба андозаи 8,5% зиёдтар аст. То поёни сол афзоиши бештари маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ мешавад. Қайд карда шуд, ки беш аз 50 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла истеҳсоли ғалладонагиҳо, сабзавот, пахта, полезиҳо, гӯшт, пашм, моҳӣ ва 33 фоизи ҳаҷми маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба вилояти Хатлон рост омада, ин нишондод сол ба сол тамоюли афзоиш дорад.

Дар нишасти матбуотии раиси вилоят таъкид шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имсол нисбат ба нимаи якуми соли гузашта ба қадри 630 миллион сомонӣ бештар гардид. Махсусан истеҳсоли семент 54%, масолеҳи сохтмонӣ 35%, риштаи пахта 13%, равғани растанӣ 24% афзун шуд.

Дар вилояти Хатлон ба маблағи умумии беш аз 1,1 миллиард сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуда, дар нимсолаи якум беш аз 100 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, аз ҷумла 7 муассисаи таълимӣ ва корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.  

- Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, рушди ин соҳа дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор дорад, - идома дод Д. Гулмаҳмадзода. – Имсол шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар вилоят ба 1338 адад расид. Ин шумора сол ба сол меафзояд. Ҳамчунин дар соли таҳсили гузашта теъдоди хонандагон 26194 нафар афзуд. Барои фарогирии ин теъдоди кӯдакону наврасон наз-дик ба 50 мактаби нав зарур аст. Шумораи омӯзгорон ҳам имсол 1899 нафар зиёдтар шуд. Бо дарназардошти афзоиши шумораи муҳассилон, дар се соли оянда бунёди 54 мактаби нав дар вилоятамон ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин аз таъсиси 11 ҳазор ҷойи нави корӣ дар қаламрави вилоят хабар дод. Аз ин теъдод 4,4 ҳазор сокини вилоят тавассути 170 ярмаркаи ҷойҳои холии кор, ки давоми нимсола дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ гузаронида шудаанд, бо кор таъмин шудаанд.

Раиси вилоят ҳамчунин гуфт, ки дар шаш моҳи гузашта гардиши савдои хориҷӣ беҳтар гардида, ин нишондиҳанда 175 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аз ин нишондод 74,4 миллион доллараш ба содироти маҳсулот аз вилоят рост меояд. Аз вилояти мо ба хориҷа асосан маҳсулоти табиӣ, пила, калобаи ресандагӣ, намак, тухми паранда, маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад.

Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон А. Иброҳим ("Пайк”), С. Назриев ("Азия-плюс”), Б. Уроқов ("СССР”), Ш. Саид (ТВ "Хатлон”), Т. Розиқ (радиои "Тоҷикистон”), Ш. Абдулҳамидов ("Омӯзгор”), Х. Раҷаб (ТВ "Тоҷикистон”), А. Достиев ("СССР”), Ҷ. Сайфиддинов ("Бонувони Тоҷикистон”), Қ. Қурбонов (ТВ "Сафина”) ва дигарон доир ба мушкилоти вобаста ба хумдонҳои оҳакпазии ноҳияи Хуросон ва зиёни ин корхона ба муҳити зист, зарурати бунёди муассисаҳои таълимӣ, ба кор даромадани корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ, кам будани шумораи банкоматҳо, баъзе мушкилоти кишоварзон, рушди синамо дар вилоят, ташкил кардани истироҳати тобистонаи кӯдакон, пешрафти соҳаи саноат, норасоии оби нӯшокӣ дар бархе аз маҳалҳо, дастгирии бонувон ва таъини онҳо ба мақомҳои масъул, дастрасӣ ба иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрам суол гузошта, аз ҷониби раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода посухи қаноатбахш дарёфтанд.

Раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода дар поёни ҳамоиши матбуотӣ аз намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват намуд, ки дар инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳои шаҳру навоҳӣ ва ифшои камбудиҳои ҷойдошта азму саъй карда, бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мунтазам дар робита бошанд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА, "Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«журналистон дар бозтоби дастовардҳои вилоят саҳми намоён доранд»

«журналистон дар бозтоби дастовардҳои вилоят саҳми намоён доранд»

Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Андоз сари вақт супурда шавад!»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Хизмати шумо - кормандони ВАО дар бозтоби дастовардҳои в ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Хизмати шумо - кормандони ВАО дар бозтоби дастовардҳои в ...

Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА