Дар як сатр
» » "Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

1-01-2015, 10:04

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул
Н. СОЛЕҲ,
С. АТТОР


Толори пазироии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе чун ҳамеша пур аз мусофир буд. Ба қавле, сӯзан партоӣ, ба замин намеафтид. Мусофирон парвози тайёраи сайрхати худро интизорӣ мекашиданд. Дар ин соатҳо бо чандин кас ҳамсуҳбат шуда, ошноӣ пайдо мекунию аз дарди дили якдигар бохабар мешавӣ.

Мо барои гусели як шиносамон ба фурӯдгоҳ омада будем. Вориди толори пазироӣ шуда, дар курсӣ паҳлӯи зани солрафтае нишастем. Аз гап гап баромад ва момо лаб ба сухан кушод. Аввал худро муаррифӣ кард. Ҳуснигул ном доштааст. Аз нақли ӯ маълум шуд, ки ҳоло як писару ду наберааш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвари Русия қарор доштаанд. Дар оилаи наберааш - Рустам тифлаки нав ба дунё омадаю момо барои номгузории ӯ ба Русия даъват шуда будааст. «Тоқатам намонд. Мехоҳам зудтар парвоз карда, чеҳраи ширини набераамро бубинам», - ашки чашмонашро пок карда, гуфт кампир.

Дар ҳамин вақт аз назди мо ҷавоне гузашт. Аз телефони ҳамроҳи ӯ садои овозхони шинохта Ҷумъахон Сафаров ба гӯш мерасид. Ҳофиз суруди машҳурашро дар васфи модар бо алам месароид:

Эй очаи ҷон, гирди дастархонат
Мо ҷамъ шавем ҷумла фарзандонат.
Мо ҷамъ шавем, хотират ҷамъ шавад,
Дарбеҳ шавад дарзи даридаҳои ҷонат.
Эй очаи ҷон, очаи ҷон, очаи ҷон,
Эй очаи нодидаву нохӯрда ҷаҳон.

Момои Ҳуснигул якбора суҳбатро қатъ намуда, ҷавонро наздаш хонд. «Ҷони момо, ҳамин сурудро як бори дигар мон, ки гӯш кунам», - аз ҷавон хоҳиш кард зан.

Момо сурудро гӯш медоду аз чашмонаш ашк шашқатор ҷорӣ мешуд. Суруд ба охир расид ва зан ашки дидагонашро пок намуда, оҳи вазнин аз дил баровард. Ҳисси кунҷкобиамон боло гирифту сабаби ашкрезии моморо пурсон шудем. Ӯ баъди сукути тӯлонӣ ба нақл оғоз кард: «Модар шахси муқаддас ва нотакрор аст. Гумон мекунам, ки модари ман беҳтарин модари рӯйи олам аст. Имрӯз худ момо шудаам, вале ҳоло ҳам ба навозиш, меҳру муҳаббат, насиҳату суханони ширини модарам ниёз дорам. Ҳар бегоҳ бо аллаи модар сар ба болини хоб ниҳода, субҳгоҳон бо навозиши ӯ чашм аз хоб мекушоям. Модар бароям хизмати зиёд кард, аммо ман онро баргардонида натавонистам. Модарам азоб кашиду ман роҳат дидам. Ӯ ҳамеша ҳамроҳи ман аст» гӯён момо якбора ба гиря даромад. Гиря гулӯгираш намуд. Ӯ ба сукут рафт. Баъд андешаҳояшро ҷамъ намуда, ба нақл оғоз кард.

… Дар оилаи ҷавон ду духтарчаи дӯстрӯяк ба дунё омад. Падару модар ба яке Ҳуснигул ва ба дуюмӣ Раҷабгул ном ниҳода, онҳоро бо меҳру муҳаббат тарбия мекарданд. Зиндагии оила хуб буду рӯзгорашон осуда. Волидайн бештар ба донишандӯзии гулдухтарон таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд.

… Марди хона ҳамон рӯз низ субҳи барвақт аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ аз хона баромад. Вале қарибиҳои нисфирӯзӣ ба хона аввал хабари шуми фавти мард расиду баъд аз соате ҷасади беҷони ӯро оварданд. Мард дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд. Фоҷеаи рухдода аҳли оиларо ғамгин сохт. Аз даст додани саробони оила барояшон гарон афтод. Акнун масъулият ва таъмини оила ба дӯши янгаи Хумор бор шуд.

Модар ба кори саҳро баромад. Бегоҳӣ баъди кор бошад, ба кори хона машғул мешуд. Боз то поси шаб барои наварӯсон кашидадӯзӣ омода мекард. Ба қавле, бо белу каланд ва нӯги сӯзан ризқу рӯзӣ меёфт. Ӯ вақти истироҳат кардан надошт. Ранҷу азоб мекашид, то фарзандон роҳат бинанду барояшон имконияти таҳсил фароҳам ояд. Ҳамон шабу рӯз Ҳуснигулу Раҷабгул мактабхон буданд. Ҳар гоҳе, ки нигоҳи духтарон ба ҷисми лоғару ожангҳои пешонаи модар, мӯйҳои сафедгаштаю дастҳои кафидаи ӯ меафтид, дилашон месӯхт ва дар танҳоӣ зор-зор мегиристанд.

Ҳуснигул як ҳодисаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонад. Модари заҳматкашаш ҳамагӣ як калуш дошт. Тамоми фаслҳои сол онро ба по мекард. Зимистони ҳамонсола сард омад. Бечора модар калуши дарида дар пой аз субҳ то шом рӯйи ҳавлӣ ба коре машғул мешуд. Гоҳ ба гов обу алаф медоду гоҳе ҳезум мекафонд ва гоҳи дигар хӯрок мепухту нон мебаст. Хулоса, дар хона барояш кор ёфт мешуд. Дасту пойҳояш аз сардӣ торс-торс кафида буданд.

Боре Ҳуснигул мушоҳида кард, ки модар лаҳзае аз кори ҳавлӣ фориғ гашта, вориди ҳуҷра шуд ва калушашро бадар кард. Нӯг-нӯги по назди сандалӣ омад. Пойҳояшро гарм карданӣ шуд, вале онҳо гарм нашуданд. Вай вазнин аз ҷой хеста, боз нӯг-нӯги по назди оташдон рафт. Чашми Ҳуснигул ба соқи пойҳои модар афтод. Пойҳои кафидаи модарро дида, дилаш таҳ зад. Модар ба пойҳояш оби гарм рехт. Аммо пойҳояш ба ҷойи гармшавӣ якбора ба сӯзиш омаданд. Нолишкунон пойҳояшро ба тағораи оби сард андохт. Ҳолаш боз бадтар шуд. Худро зуд зери кӯрпа гирифта, мисли кӯдак фиқ-фиқкунон мегирист. Азобҳои модарро дида, мағзу устухони Ҳуснигул ба дард даромад…

Қалби Ҳуснигул ва Раҷабгул аз дидани азобҳои модар реш-реш мешуд. Мақсад гузоштанд, ки мактаби миёнаро хатм намуда, аз пайи гирифтани касбе мешаванду модарро аз азоби зиндагӣ озод мекунанд. Ҳуснигул ба ҳамин ният баъди итмоми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи педагогии ба номи Шевченко (ҳозира Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ) супурда, донишҷӯи факултаи забони русӣ шуд. Раҷабгул низ баъди хатми мактаб донишҷӯи донишгоҳи болозикр гашта, таҳсилро идома дод.

Солҳои донишҷӯӣ сипарӣ шуданд. Хоҳарон баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, дар мактаби деҳа ба касби омӯзгорӣ машғул шуданд. Баробари ин ҷигарбандон модарро аз ҳама кори хона озод карданд. Ҳуснигул бо ҳукми тақдир ба шавҳар баромада, хонаашро обод кард. Раҷабгул низ бахташро ёфта, дар хонаи модарӣ оиладор шуд. Акнун янгаи Хумор бо навбат дар хонаи духтаронаш зиндагӣ карда, роҳати зиндагиро медид.

Лекин, мутаассифона, осудагии модар дер давом накард. Ӯ ба бемории саратони ҷигар гирифтор шуда, аз олам даргузашт. Марги модар барои ҷигарбандон зарбаи сахт буд. Онҳо ҳеҷ бовар карда наметавонистанд, ки акнун соябони сар ва давлату савлат, раҳнамою маслиҳатгар, бахшандаи ҳаёташон - модари ғамхору меҳрубон дар паҳлӯяшон нест. Бо нолаю ашкрезиҳо модарро дигарбора баргардонида натавонистанд.

Аз фавти янгаи Хумор солҳо гузашт. Аммо духтарони аз навозишҳои модар сернашуда ӯро имрӯзҳо низ рӯйи ҳавлӣ, дохили ҳуҷраи хобаш меҷӯянд. Гумон мекунанд, ки ӯ ҳоло ҳам дар ҳаёт аст. Бо меҳрубониҳояш ҷигарбандон, набераю аберагонро боз дар хонаи падарӣ гирди як дастархон ҷамъ меораду меҳрубонӣ мекунад. Сад дареғо, ки ин танҳо орзу буду бас.

Акнун модар аз дидаҳои гулдухтаронаш ба қалби онҳо гузаштаю дар ёдашон зиндаю ҷовид монда…

Момои Ҳуснигул умри бобаракат дидааст. Синни муборакаш ба 82 расидаю дар ҳалқаи 7 фарзанд, 21 набера ва 7 абера даврони пирӣ меронад. Фарзандон ҳар гоҳ орзуи модарро пурсон шаванд, ду дидаи ӯ ғарқи об мешавад, ашки талх мерезаду гиря гулӯгираш мекунад ва бо овози ларзон «Модарамро ёд кардам. Мехоҳам, ки ӯро як бори дигар дида, аз лаҳни асалину чеҳраи зебо ва хандаи ширинаш сер шавам» гӯён посух медиҳад момои Ҳуснигул…

Парвози тайёраи сайрхати Душанбе - Москва эълон гардид. Момои Ҳуснигул нақлашро қатъ намуда, ба мо дуои нек дод ва ҷониби майдони парвоз раҳсипор шуд. Дергоҳ аз момои зиндадил, ки бардам-бардам қадам монда роҳ мерафт, чашм канда натавонистем. Суҳбат бо ин момои ширинсухану зиндагидида моро низ ба олами рангини зиндагӣ, ба домони гарму қалби нарми модар бурд.

Модарони мо низ нисбат ба фарзандони хеш меҳрубону ғамхор буданд. Сад афсӯс, ки ин ҳамаро баъди сари модар дарк кардем. Дар зиндагиаш бепарво будем, ба қадраш нарасидем, эҳтиёташ накардем. Бо баҳонаи кор аҳён-аҳён ба аёдаташ мерафтем. Модар бошад, ба пирии худ нигоҳ накарда зуд-зуд ба хабаргириамон меомад. Ҳатто мушкилоти зиндагии хешро ба дӯшаш вогузоштем. Вақте модарро аз даст додем, пушаймон шудем, ки ақаллан як рӯзи хизматашро ҳаққонӣ баргардонида натавонистем. Афсӯс, сад афсӯс, ки фурсати рафта дигарбора бознаояд…


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гладиатори тоҷик

Гладиатори тоҷик

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Духтари чорум

Духтари чорум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
4 таронаи дил. Барои модар

4 таронаи дил. Барои модар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тавлиди тифл баъди 17 соли интизорӣ

Тавлиди тифл баъди 17 соли интизорӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Падари ҷинояткор, ҳуҷраи пурасрор, тифлони хору зор…

Падари ҷинояткор, ҳуҷраи пурасрор, тифлони хору зор…

Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо